3 СОЛУ 9 МОҲИ ЗИНДОН БАРОИ ҚАТЛИ СЕ МАРДИКОРИ ТОҶИК. ЭЪЛОНИ ҲУКМИ РОҲБАРИ «ЗДОРОВАЯ НАЦИЯ»

 
18/03/2020

Рӯзи 18 март додгоҳи шаҳри Маскав Георгий Макарев, роҳбари созмони «Здоровая нация»-ро бо ҷурми ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар қабристони Хованское ба 3 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кард. Шарики ӯ Шаҳмаҳмад Шаптуркаев ба ду солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Моҳи майи соли 2016 мудири нави қабристони Хованское Юрий Чабуев як гуруҳи варзишгарон ва ҷинояткоронро ба қабристон овард, то мардикорони тоҷикро аз ин ҷо биронад. Дар ҷараёни занозанӣ се нафар, ҳар се зодагони Тоҷикистон кушта шуда, ҳудуди 30 нафар, ки низ аксар аз Тоҷикистон буданд, захмӣ шуданд. Додгоҳи Маскав моҳи ноябри соли 22018 алакай 16 нафарро бо ҷурми даст доштани дар ин занозании хунин дар Хованское ба муҳлати аз 3,5 то 11,5 сол маҳкум ба зиндон карда буд. Зодаи Чеченистон Элбек Вадуев барои бо мошинаш зер карда, куштани ду муҳоҷири тоҷик ба 11,5 соли зиндон ва мудири собиқи оромгоҳ Юрий Чабуев ва роҳбари созмони «Здоровая нация» Александр Бочарников барои ташкили ин занозанӣ ба 11 ва 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Георгий Макарев, ки ба вилояти ҷудоиталаби Донетски Украина фирор карда буд, соли гузашта дастгир шуд ва ба ин далел парвандааш алоҳида баррасӣ шуд.

 

В Москве вынесен приговор участникам массовых беспорядков на Хованском кладбище

Пресс-служба Следственного комитета Российской Федерации

Доказательства, собранные следственными органами Главного следственного управления Следственного комитета Российской Федерации по городу Москве, признаны судом достаточными для вынесения приговора в отношении участников массовой драки на Хованском кладбище Георгия Макарьева и Шахмохмада Шаптуркаева. Они признаны виновными в совершении преступления, предусмотренного ч. 2 ст. 212 УК РФ (участие в массовых беспорядков).

Следствием и судом установлено, что в ходе массовых беспорядков и перестрелки у центрального входа на Хованское кладбище три человека погибли на месте происшествия и более тридцати получили телесные повреждения различной степени тяжести. Благодаря кропотливой работе следователей ГСУ СК РФ по Москве удалось восстановить полную картину событий, произошедших 14 мая 2016 года. Следователями установлено, что Георгий Макарьев, являясь лидером общественной организации «Здоровая нация», а также Шахмохмад Шаптуркаев участвовали в массовых беспорядках с целью силового вытеснения трудовых мигрантов, граждан Республики Таджикистан с территории кладбища.

Расследование данного уголовного дела представляло особую сложность, обусловленную большим объемом следственных и процессуальных действий, направленных на установление обстоятельств, подлежащих доказыванию, а также необходимостью производства сложных судебных экспертиз: баллистических, медико-криминалистических, портретных, молекулярно-генетических, дактилоскопических и других. Следователями Следственного комитета собраны доказательства соучастия и определены роль в совершении указанных преступлений в отношении каждого из 26 обвиняемых.

Ранее, начальник территориального отделения ритуального обслуживания № 3 города Москвы «Ритуал» Юрий Чабуев – был осужден на 11 лет колонии строгого режима, ещё 21 фигурант приговорен к лишению свободы на сроки от 3 до 11,5 лет с отбыванием наказания в колониях общего и строгого режима.

Сегодня приговором суда Георгию Макарьеву назначено наказание в виде 3 лет 9 месяцев лишения свободы с отбыванием в исправительной колонии общего режима, а Шахмохмаду Шаптуркаеву – в виде 2 лет 2 месяцев лишения свободы с отбыванием в исправительной колонии строго режима.

В отношении двух участников массовых беспорядков, которые объявлены в международный розыск, уголовные дела выделены в отдельное производство.

lang="RU">ххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххххх

 

Тавре сомонаи "Ахбор” қаблан хабар дода буд, додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14 ноябри соли 2018 16 тан аз ташкилкунандагон ва иштирокчиёни занозании хунини сорли 2016 дар оромгоҳи Хованскоеро ба муҳлати аз 3,5 то 11,6 сол маҳкум ба зиндон кард.

Ҳукми аз ҳама сангин – 11,5 сол - ба зодаи Чеченистон Элбек Вадуев дода шуд. Додгоҳ гуфт, дар рӯзи занозанӣ маҳз Вадуев бо мошинаш ду муҳоҷири тоҷикро зер карда, кушт ва аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Додгоҳ мудири собиқи оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев ва яке аз муассисони созмони «Здоровая нация» юриста Александр Бочарниковро ташкилкунандаи он занозанӣ номид. Чабуев ба 11 соли зиндони низомаш сахт ва Бочарников ба 9 сол маҳкум шуданд.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешуд, ки Чабуев ва Бочарников барои он занозанӣ бо муҳоҷирони тоҷикро ташкил карданд, то ки зодагони Тоҷикистонро бо кумаки варзишгарони муштзӯр аз «Здоровая нация» аз оромгоҳ биронанд. Сабаб саркашии мардикорони тоҷик аз пардохти ҳаққи бештар ба Чабуев будааст. Чабуев ҳамагӣ як моҳ қабл аз занозании рӯзи 14 майи соли 2016 мақоми мудири оромгоҳро ба даст оварда, пеши мардикорони тоҷик талаб гузошта буд, ки ба ӯ назар ба мудири пештара ду маротиба ҳаққи зиёдтар бояд бисупоранд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи шаҳри Маскав барои Юрий Чабуев, мудири собиқи оромгоҳи Хованское 13 соли зиндони низомаш шадид ва барои 16 шарики ӯ аз 4 то 12 соли зиндон талаб кардааст. Чабуев ва шариконаш ба ташкили ҳамла ба зидди коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское айбдор мешаванд. Дар ҷараёни он ҳамла се мардикори тоҷик кушта шуда, ҳудуди 30 нафар, аксар тоҷикон, ҷароҳат бардоштанд.

Бо ҷурми даст доштан дар он занозанӣ 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ дастгир шуда, як сол пеш ба се соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14 августи соли 2018 ҳамаи он 5 нафарро озод кард. Додгоҳ 3 сол ҳукми зиндони Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриевро тағйир надод, вале ҳар рӯзи пушти панҷара ба сар бурдани онҳоро баробари якуним рӯз ҳисоб кард ва гуфт, ки ин 5 муҳоҷири тоҷик алакай ҳукми худро адо кардаанд ва бояд озод карда шаванд.

Ин 5 муҳоҷири тоҷик, ки беш аз ду солро пушти панҷара ба сар бурданд, ҳама аз шаҳри Роғун ва минтақаи Обигарми ноҳияи Файзобод буда, дар Маскав дар оромгоҳи Хованское кор мекарданд. Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки худро гунаҳкор намешуморанд, зеро рӯзи 14 майи соли 2016 мудири нави оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев барои аз инҷо рондани мардикорони тоҷик беш аз 100 нафари мусаллаҳ аз як гурӯҳи ҷиноиро киро карда буд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба ҳимоят аз ҷони худ чӯбу санг ба даст бигиранд.

Рӯзи 14 майи соли 2016 дар қабристони Хованское байни коргарони тоҷики ин оромгоҳ ва як гурӯҳи мусаллаҳ ба раҳбарииЮрий Чабуев, мудири нави ин қабристон ва Александр Бочарников ва Георгий Макарев, раҳбарони созмони "Здоровая нация" занозании шадиде сурат гирифт, ки бар асари он се муҳоҷири тоҷик -СӯҳробХушакови22-сола, ИноятРизоеви39-солава СайнуриддинСобирови42-сола- кушта ва беш аз 30 тани дигар, низ аксар тоҷикҳо захмӣ шуданд. Ин занозанӣ бо ширкати аз 200 то 400 нафар ҳамагӣ як моҳ баъд аз мудири қабристони Хованское таъйин шудани Юрий Чабуев рух дод.

Хулосаи тафтишот дар мавриди парвандаи гурӯҳи Чабуев ин аст, ки ҳадафи мудири оромгоҳ Юрий Чабуев ва шариконаш аз ин занозанӣ, ки боиси ҳалокати се тоҷик ва ҷароҳат бардоштани беш аз 30 тани дигар шуд, аз ин оромгоҳ рондани муҳоҷирони тоҷик буд.

Тафтишот мудири собиқи қабристон Юрий Чабуев ва яке аз муассисони созмони ҷамъиятии"Здоровая нация" Александр Бочарниковро ташкилкунандагони асосии ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованское ном мебарад. Муфаттишон ба хулосае омадаанд, ки"Чабуев ва Бочарников ин бетартибиҳои оммавиро бо мақсади зӯран аз қаламрави қабристон танг кардани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ташкил кардаанд.”

Дар ҷараёни тафтишот Сергей Улихин гуноҳи худро пурра ба гардан гирифта, ба зидди шариконаш баёнот додааст. Колесников қисман гунаҳкор буданашро эътироф кардааст.

Дар қабристони Хованское беш аз 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар аз Оби гарм ва Файзобод ба корҳое, чун рӯбучину тоза кардани мазорҳо, сангтарошӣ ва кандани қабр машғул буданд. Онҳо мегӯянд, Чабуев баъди ба даст гирифтани раҳбарии қабристон дар баҳори соли 2016 як гурӯҳи раҳзан аз созмони "Здоровая нация"-ро киро карда, аз коргарони тоҷик талаб кард, ки аз ин ба баъд бояд нархи хидматҳои худро боло бардошта, ба ӯ ҳар моҳ "ҳаққ”-и зиёдтар супоранд.

Коргарони тоҷики қабристон мегуфтанд, ки нафарони Чабуев рӯзи 14 май бо аслиҳа вориди қабристон шуда, билофосила ба латукӯби тоҷикҳо ва тирпарронӣ сар карданд. Коргарони тоҷик ноилоҷ барои дифоъ аз худ асбоби кориашон, ба мисли белро ба даст гирифта, ба роҳзанҳо муқовимат нишон додаанд.

Гурӯҳи роҳзан, ки чунин муқовимати мардикорони тоҷик барояшон ғайричашмдошт буд, рӯ ба гурез овард. Ду муҳоҷири тоҷик зери чархи мошине яке аз роҳзанҳое, ки бо шитоб фирор мекард, ҳалок шуданд. Як муҳоҷири дигарро раҳзанҳо дар дохили қабристон парронданд.

Дар пайи ин занозанӣ пулиси Маскав беш аз 110 нафарро дастгир кард. Аз ин шумор 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ карда, 15 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд ва ба зидди 5 нафари онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон