ВИДЕО: БОЗДОШТИ ЯК ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БО ИТТИҲОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ

 
16/03/2020

Кормандони пулис ва ФСБ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як ҷавони 24-солаи тоҷикио бо иттиҳоми мусоидат ба созмони мамнӯъ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, муҳоҷири тоҷик моҳи августи соли 2018 бо хоҳиши бародараш аз корти бонкии худ тавассути замимаи телефони мобил ба як шиносашон 22 ҳазор рубл гузарондааст. Вале маълум мешавад, ки он нафар барои ташкили фаъолияти террористӣ дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошта, ба бовари мақомот, «пулҳои интиқолёфта барои маблағгузории созмони террористии дар Русия мамнӯъ пешбинӣ шуда буд.»

Дар видеои фаврие, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, ки кормандони Маркази мубориза по терроризми пулиси шаҳри Петербургу вилояти Ленинград ва раёсати вилоятиии ФСБ дар як поси шаб вориди як манзил дар хиёбони Комендантский, хонаи 16, корпуси 2 мешаванд ва чанд муҳоҷирро, ки масти хоб буданд, бедор мекунанд. Онҳо муҳоҷирони боздоштшударо аз ҷогаҳи хобашон хезонда, талаб мекунанд, то чизҳои мутааллиқ ба Абдусамад ном нафареро бароварда бидиҳанд. Аммо муҳоҷирони ҳанӯз хоболуд мегӯянд, ки Абдусамад дер боз дар инҷо зиндагӣ намекунад...

 


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон