ВИДЕО: ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОҒИСТОН ДАР ПЕТЕРБУРГ

 
 

Шоми 12 март, тақрибан соати 19:40 дар даромадгоҳи фурӯшгоҳи «Галерея» дар хиёбони Лиговский, 30А дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия байни зодагони Тоҷикистон ва Доғистон занозании гуруҳӣ рух додааст. Дар занозанӣ аз ду тараф, ба гуфтаи шоҳидон, 15-20 нафар иштирок кардаанд ва як нафар бо зарби корд бистарӣ карда шудааст. Пулис 11 нафарро дастгир кард, вале онҳоро рӯзи 13 март баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Пулис гуфт, бар асоси арзёбиҳои муқаддамотӣ, занозанӣ ба сабаби хусумати дутарафа сар задааст, вале сабаби аслии муноқишаро тафтишот муайян хоҳад кард. Дар робита ба ин занозанӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Пулиси ноҳияи Централнийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия бояд сабабҳои занозании шоми 12 март байни зодагони Тоҷикистон ва ҷумҳурии Доғистони Русия дар маркази Петербургро муайян кунад.

Як манбаи нашрияи «КП» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Петербург гуфт: «Соатҳои 19:41, 19:43, 19:44 ба қисми навбатдорӣ тавассути рақами 112 аз номи шаҳрвандон хабар омад, ки дар даромадгоҳи Маркази тиҷоративу фароғатии «Галерея» (хиёбони Лиговский, хонаи № 30 А) занозании гуруҳӣ рух дода истодааст.»

«То замони расидани кормандони пулис иштироккунандагони занозанӣ алакай муноқишаро бас карда, дар ду кунҷ захмҳояшонро «табобат» мекарданд. Ба ҷуз аз мушту лагад, касе аз корд низ истифода бурдааст. Дар натиҷа яке аз иштироккунандагони занозанӣ аз ронаш ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шуд», - хабар медиҳад «КП».

Ин нашрия шумораи иштироккунандагони занозаниро 20 нафар баршумурдааст. Вале нашрияи маҳаллии «Вечёрка» шумораи иштирокунандагонро 15 нафар гуфтааст.

Пулис 11 нафарро баъди занозанӣ дар даромадгоҳи «Галерея» дастгир кардааст. «Ҳамаи онҳо расман бекор будаанд», - хабар додааст «КП». Бино ба иттилои «Вечёрка», «имрӯз (яъне 13 март) ҳамаи боздоштшудаҳоро бозпурсӣ карданд ва ҷавоб доданд».

Ин нахустин чунин муноқиша байни зодагони Осиёи Марказӣ ва зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия нест. Қаблан дар бораи чунин занозаниҳо дар шаҳри Маскав ва атрофи он низ гузоришҳо ба даст расида буд.

 

Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Аҳмад, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки бар асоси таҳқиқи онҳо, занозанӣ дар Петербург байни зодагони Ӯзбекистон ва Доғистон сурат гирифтааст ва зодагони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд.

Дар Интернет видеои лаҳзаҳои занозании шоми 12 март дар маркази Петербург нашр шудааст.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон