расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳистон

. / Ҳаводис

Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳистон

Аз сафару сайругашт дар қитъаҳои хатарнок худдорӣ тавсия мешавад.

Сурат: Акси марбута
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар қитъаҳои роҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб хавфи баланди тармафароӣ вуҷуд дорад.
Дар ин робита Кумита бори дигар аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма худдорӣ намуда, ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.
“Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ё дар қитъаҳои тармафаро ронандагонро лозим аст, ки масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя кунанд. Дар роҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошед. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред”, - гуфта мешавад дар маълумот.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.