ВИДЕО: БОЗДОШТИ 44 ҶӮГӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАЛБАНДАГӢ ДАР ДОҒИСТОН

 

Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД Доғистон дар бораи боздошти 17 талбандаи калонсол ва 28 талбандаи кӯдак дар як амалиёт дар шаҳри Қизлар хабар дод. Ҳеҷ кадоми онҳо бо худ ягон ҳуҷҷате надоштааст. Ба пулис муяссар шудааст, ки шахсияти 2 зан ва 7 мардро муайян кунад. Як зан аз Ӯзбекистон ва бақия аз Тоҷикистон будаанд. Ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Дар пулиси шаҳри Қизлар ба сомонаи «Ахбор» гуфтанд, ки дар Қизлар ва дигар шаҳру навоҳии Доғистон ва Қафқози шимолӣ садҳо нафар аз лӯлиёни Осиёи Марказӣ ба талбандагӣ машғуланд. Онҳо худро тоҷик меноманд ва бисёре аз сокинони маҳаллӣ фикр мекунанд, ки талбандагӣ шуғли тоҷикҳост.

Раёсати масоили муҳоҷират(УВМ)-и ВКД Ҷумҳурии Доғистон бо нашри як видео дар саҳифааш дар шабакаи Инстаграм хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёт дар шаҳри Қизлар 45 талбанда – 17 калонсол ва 28 кӯдак дастгир шудаанд.

«Кормандони шуъбаи муҳоҷирати пулиси Қизлар 7 мард, 9 зан ва 28 кӯдаки ноболиғро ба шуъба оварданд. Онҳо бо худ ягон санаде, ки шахсияташонро муайян кунад, надоштанд. Дар ҷараёни тафтиши минбаъда шахсияти ду зан ва 7 мард муайян карда шуд. Онҳо аз Тоҷикистонанд ва барои вайрон кардани қоидаҳои будубош бар асоси қисми 1.1-и моддаи 18.8-и КоАПП РФ аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд,” – гуфта мешавад дар иттилоияи УВМ ВКД Доғистон.

Магомед Магомедов, сардори УВМ ВКД Доғистон гуфт, ин 45 талбанда рӯзи 14 март дар Қизлар дастгир шуданд: "Аз ин миён як зан зодаи Ӯзбекистон буда, дигарон ҳама аз Тоҷикистонанд. Мушкили аз ҳама бузург масъалаи кӯдакони онҳост. Ягон кӯдак ягон хел ҳуҷҷат надорад, ягон нафараш ба таҳсил дар мактаб ва тарбия дар боғчаи кӯдакон фаро гирифта нашудааст, дар ягон муассисаи тиббӣ сабти ном нашудаанд.”

Баъд аз тафтишу бозпурсӣ дар пулис ҳамаи боздоштшудаҳоро барои анҷоми ташхисҳои тиббӣ ба бемористони шаҳри Қизлар бурдаанд. Дар пайи ташхис онҳоеро, ки ҳуҷҷат надоштанд, дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ ҷой кардаанд. Кӯдаконро бошад ба маркази иҷтимоиву реабилитатсионии ноболиғон ба шаҳри Махачқалъа, пойтахти Доғистон бурдаанд.

Бино ба гузориши мақомоти муҳоҷирати пулиси Доғистон, ин оилаҳои талбанда дар шаҳри Қизлар чанд манзилро иҷора гирифта буданд. Соҳибони ин хонаҳоро них акнун барои сабти ном накардани иҷоранишинҳояшон ба маблағи аз 2 то 4 ҳазор рубл ҷарима мебанданд.

Навбатдори пулиси Қизлар рӯзи 16 март ба сомонаи «Ахбор» гуфт, дар қаламрави шаҳри Қизлар ва дигар шаҳру навоҳии Доғистон ва ҳамин тавр, дар ҷумҳуриҳои дигари минтақаи Қафқози шимолии Русия садҳо оилаи лӯлиҳо аз Осиёи Марказӣ ба талбандагӣ машғуланд. "Мо фақат як қисми ками онҳоро тавонистем боздошт кунем. Ҳанӯз пурранд дар Қизлар ва дигар гӯшаҳои Доғистон,” – гуфт навбатдори пулис.

Як сокини Доғистон дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, ин сели талбандаҳо оила-оила дар Доғистон деҳа ба деҳаву шаҳр ба шаҳр мегарданд: «Ин талбандаҳо худро тоҷик муаррифӣ мекунанд ва бисёре аз сокинони Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ фикр мекунанд, ки онҳо тоҷиканд ва талбандагӣ шуғли тоҷикзост. Танҳо дар вақти чунин тафтишҳо маълум мешавад, ки онҳо дар асл лӯлиянд, вале бисёриҳо инро намедонанд.”

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон