САША МАССКВАРО БОЗ ЛАТTУКӮБ КАРДААНД (ВИДЕО)

 

 

Блогер Саша Массква бори дигар дар шаҳри Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ҳамлагарон видеои латтукӯби ӯро дар Интернет нашр кардаанд. Ин ҳодиса шоми 12 март дар «Славянский бульвар» рух додааст. Дастикам ду нафаре, ки чеҳраашон дар видео дида намешавад, ба рӯи Саша Массква зада, ӯро маҷбур карданд, ки аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла аз онҳое, ки барои латтукӯби қаблии Саша Массква кораш ба додгоҳ рафтааст, узр бихоҳад. Саша Массква ба сомонаи «Ахбор» гуфт, дар робита ба ин ҳамла ба пулис ариза додааст. заявил, что он уже подал заявление в полицию и на тех, кто напал на него 12 марта. Саша Массква дар зери таронаҳои овозхонҳои машҳур, аз ҷумла овозхонҳои тоҷик лаб ва рӯю абрӯ ҷунбонда, ин видеоҳоро дар Интернет мегузошт. Вале бархе чунин мешуморанд, ки ӯ, махсусан бо тақлид ба овозхонҳои зан миллати тоҷикро шарманда мекунад. Саша Массква мегӯяд, баъди ҳамлаҳои охир тақлид ба овозхонҳои тоҷикро бас карда, ҳоло фақат барои тамошобинони русзабон клип месозад, чунки аз амнияташ метарсад.

Дар Интернет видеои латтукӯби навбатии блогер Саша Массква нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ду ҷавоне, ки чеҳраашон дида намешавад, ба рӯи блогер мушту шаппотӣ мезананд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки барои дар клипҳояш пӯшидани тоқии помирӣ аз зодагони Бадахшон узр бипурсад. Аз ӯ талаб мекунанд, ки аз он зодагони Бадахшон, ки рӯзи 3 декабр дар метрои Маскав Саша Масскваро заданд ва ҳоло муҳокимаи парвандаашон идома дорад, низ узр бипурсад.

Саша Массква дар видео узр мехоҳад ва ваъда медиҳад, ки дигар чизе дар мавзӯи Бадахшон нашр нахоҳад кард.

Саша Массква рӯзи 15 март дар мусоҳиба бо сомонаи «Ахбор» нақл кард, ки ин ҳодиса шоми 12 март, соати тақрибан 17 дар назди хонаҳои истиқоматӣ дар «Славянский бульвар», вақте рӯй дод, ки ӯ аз наворгирӣ дар шабакаи телевизионии НТВ бармегашт: «Хеле ваҳшатовар буд. Ман барои инсонҳое метарсам, ки фардо барои як кори ночиз, барои мисол, пӯшидани либосе, к и ба дигарон маъқул нест, ё тарзи роҳ рафтанашон метавонанд ҳадафи чунин ҳамла қарор бигиранд. Ончӣ ки бо ман рух дод, қобили фаҳм нест ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки як одам фақат барои блогерӣ метавонад ба чӣ мушкилоте дучор шавад.»

Саша Массква хабар дод, ки ҳамроҳи адвокаташ доир ба ин қазияи ахир ба мақомоти пулиси Маскав муроҷиат кардаанд.

 

 

Ҳамлаи нав ба ин блогер замоне сурат гирифт, ки дар яке аз додгоҳҳои Маскав муҳокимаи парвандаи зодагони Бадахшон барои ҳамлаи қаблӣ ба Саша Массква идома дорад.

рӯзи 3 декабр як гуруҳи зодагони Бадахшон дар истгоҳи метро дастгир ва латукӯб кардаанд. Ин гуруҳи ҷавонон аз он норозӣ буданд, ки Саша Массква тоқии помирӣ пӯшида, таронаҳои бадахширо видео мекунад ва бо ин обрӯи Бадахшонро паст мезанад. Дар видеои дар Интернет нашршуда дида мешуд, ки як ҷавон ба рӯи блогнависи зодаи Тоҷикистон Саша Массква чанд шаппотӣ мезанад ва хитоб ба ӯ мепурсад: «Ту чаро чунин корҳоро ба худат иҷозат медиҳӣ? Ту дар бораи помириҳо чӣ мехонӣ? Чаро бо тоқии помирӣ?”

Як ҷавони дигар, ки дар видео дида намешавад, вале садояш шунида мешавад, низ Саша Масскваро барои видеоҳояш дар бораи Бадахшон бо лаҳни тунд мазаммат мекунад. Sashamasskva аз ҷояш хеста, ба як корманди пулис, ки дар паҳлуи онҳо истода буд, вале ба ончӣ ки мегузашт, аҳамият намедод, муроҷиат мекунад, ки «пулис муҳтарам, бубинед, маро зада истодаанд.» Вале корманди пулис ба шикояти ӯ аҳамият намедиҳад.

Саша Массква дар зери таронаҳои овозхонҳои машҳур, аз ҷумла овозхонҳои тоҷик лаб ва рӯю абрӯ ҷунбонда, ин видеоҳоро дар Интернет мегузошт. Вале бархе чунин мешуморанд, ки ӯ, махсусан бо тақлид ба овозхонҳои зан миллати тоҷикро шарманда мекунад.

Саша Массква рӯзи 15 март ба "Ахбор” гуфт, дар муддате ки аз ҳамлаи моҳи декабр гузашт, муҳтавои блогҳояшро иваз кардааст ва дигар ба таронаҳои овозхонҳои тоҷик тақлид намекунад: "Блогингро идома дода истодаам, вале тамаркузам акнун ба тамошобинони русзабон аст, ба онҳое, ки арзишҳои дунёи муосиро бо таҳаммули бештар мепазиранд.”

Саша Массква ягона блоггери зодаи Тоҷикистон нест, ки дар Русия ба чунин таҳдидҳо рӯбарӯ мешавад. Қаблан зодаи дигари Тоҷикистон Мадина Басаева низ шикоят карда буд, ки барои видеоҳои дар Ютуб ва Инстаграм гузоштааш ба ӯ таҳдид кардаанд. Мадина Басаева низ дар видеоҳояш мисли Саша Массква дар ҳавои таронаҳои маъруф лабу рӯ меҷунбонад ва рақс ҳам мекунад. Бархе видеоҳои Мадина Басаева 5-6 миллион тамошобин ҷамъ кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон