БОЗДОШТИ 9 ТОҶИК, АЗ ҶУМЛА 6 КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР МАРЗИ ЛИТВА БО ПОЛША (2 АКС)

 

Хадамоти марзбонии Литва хабар дод, ки шоми шанбе, 9 март дар дохили як мошини "Опел-Зефира” дар марзи Литва бо Полша 9 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули ронанда ва як оила бо 6 кӯдаки хурдсолро дастгир кардаанд. Марди 37-солаи тоҷик ҳамроҳи ҳамсари 32-сола ва 6 фарзандаш тоза моҳи феврали соли 2019 аз Литва дархости паноҳандагӣ карда, ҳаққи тарки қаламрави ин кишварро надошт. Ин оиларо ба урдугоҳи паноҳҷӯён дар Пабраде баргардонда, ронандаи мошинро, ки шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар Полша ҳаққи иқомат дошт, ба ҳабс гирифтаанд. Ба ӯ барои интиқоли ғайриқонунии паноҳҷӯён аз ҷарима то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

VSAT – Хадамоти марзбонии Литва бо нашри ду акс аз боздошти 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Полша хабар дод.

Дар маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Литва рӯзи 13 март ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки "марзбонҳои минтақаи марзии Калвария шоми шанбе, 9 мартдар наздикии деҳаи Сенейи Алксненай як мошини тамғаи "Опел-Зефира”-ро манъ карданд, ки ронандааш як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон буд. Ин ронанда, ки дар Полша ҳаққи иқомат доштааст, бо мошинаш як оилаи паноҳҷӯёни тоҷик, иборат аз 8 нафарро мехост аз марз гузаронад.”

Аъзои ин оила – марди 37-сола, ҳамсари 32-солаи ӯ ва 6 фарзанди хурдсолашон моҳи феврали соли 2019 аз Литва дархости паноҳандагӣ карда, муваққатан дар урдугоҳи паноҳҷӯён дар Пабраде, воқеъ дар тақрибан 50-километрии Вилнюс, пойтахти Литва ба сар мебурданд ва то замони баррасии ин дархосташон ҳаққи тарки қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупоро надоштанд. Паноҳҷӯёне, ки аз Литва дархости паноҳгоҳ мекунанд, метавонанд танҳо дар дохили қаламрави Литва ҳаракат кунанд.

Оилаи паноҳҷӯёни тоҷикро ба урудгоҳи паноҳҷӯён дар Пабраде баргардондаанд, вале ронандаи тоҷикро ба ҳабс гирифтаанд ва тафтиши пешакӣ нисбат ба вай шурӯъ шудааст. Дар маркази матбуоти хадамоти марзбонии Литва ба "Ахбор” гуфтанд, ки "ба ин ронандаи тоҷик ӯ бар асоси қонунҳои Литва, барои интиқоли ғайриқонунии паноҳҷӯён тавассути марзи давлатии Литва аз ҷарима то 6 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.”

Дар солҳои охир, бино ба ҳисобҳо, то 10 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон бо дархости паноҳандагӣ ба Аврупо рехтанд. Як қисми онҳо худро қурбонии таъқиботи сиёсӣ ё мазҳабӣ меноманд, вале афроде ҳам ҳастанд, ки бо талаби як зиндагии беҳтар ба Аврупо меоянд.

Литва дар баробари Беларус ва Латвия яке аз масирҳои асосии ҳаракати паноҳҷӯёни тоҷик ба Аврупо дониста мешавад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар Литва то имрӯз беш аз 100 зодаи Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ ба даст овардаанд. Дархости паноҳандагии ҳудуди 30-40 нафари дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ин паноҳҷӯён то ҳал шудани дархосташон дар ду урдугоҳи махсуси паноҳҷӯён зиндагӣ мекунанд: Афроди танҳо маъмулан дар Пабраде ва онҳое, ки бо аҳли оилаашон ба Аврупо меоянд, дар Маркази муҳоҷирони хориҷӣ дар Рукла, ки дар тақрибан 100-километрии Вилнюс ҷойгир шудааст.

Аммо мақомоти Литва барои паноҳҷӯён дар мароҳили аввал, ки дархости паноҳандагиаш баррасӣ мешавад, имтиёзи зиёде намедиҳанд. Як зодаи Тоҷикистон, ки алакай дар Литва мақоми паноҳандагиро ба даст овардааст, ба сомонаи «Ахбор» гуфт: «Паноҳҷӯёнро дар марҳалаи аввал то замони баррасии дархости паноҳандагиашон дар урдугоҳи паноҳҷӯён дар Пабраде ё Рукла ҷой карда, тамоми эҳтиёҷоти рӯзгорашон – аз хӯрду хӯрок то пӯшоки онҳоро давлати Литва ба дӯш мегирад. Вале моҳона сари ҳар паноҳҷӯ ҳамагӣ ҳудуди 10 евро «кисахарҷӣ» медиҳанд. Баъди дарёфти мақоми паноҳандагӣ Литва ба паноҳандагон сари ҳар узви оила моҳе 244 евро ва барои иҷораи манзил сари ҳар узви оила 80 еврои дигар медиҳад.

Аммо баррасии дархости паноҳандагӣ аз ҷониби мақомоти муҳоҷирати Литва метавонад аз 6 моҳ то 18 моҳ тӯл бикашад. Бархе паноҳҷӯён тоқат намекунанд ва талош мекунанд, ки аз Литва ба ягон кишвари «ободтар»-и Иттиҳоди Аврупо, бештар ба Австрия, Олмон ва Фаронса, ки аз рӯзи сабти дархости паноҳандагӣ ба паноҳҷӯён моҳона сари ҳар нафар то 350 евро кумакпулӣ медиҳанд, бираванд.»

Вале дар бисёр ҳолатҳо ин паноҳҷӯён дар марз ба даст меафтанд ваё кишварҳои «ободтар» онҳоро тибқи паймони Дублин ба кишвари аввале, ки вориди Иттиҳоди Аврупо шудаанд, яъне ба Литва бармегардонанд. Дар чунин ҳолат мақомоти Литва маъмулан дархости паноҳандагии чунин паноҳҷӯёни ба истилоҳ «кӯрнамак»-ро рад ва онҳоро аз қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ихроҷ мекунанд.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон