РЕЙДҲОИ НАВИ ПУЛИС. ИМРӮЗ – ДАР БОЗОРҲОИ FOOD CITY ВА “САДОВОД” (ВИДЕО)

 

Ду рӯз боз дар бозорҳои шаҳри Маскав рейдҳои ба таври бесобиқа густурдаи нирӯҳои пулис идома дорад. Субҳи 12 март нирӯҳои вижаи пулис дар чандин автобус ба бозорҳои Food City ва "Садовод” фурӯ рехтанд. Субҳи 11 март нирӯҳои пулис дар тақрибан 100 автобусу мошин бозорҳои «Садовод» ва «Москва»-ро дар минтақаи Люблино иҳота карданд. Бино ба як фарзия, мақомоти Маскав мехоҳанд бо чунин фишорҳо соҳибони ин бозорҳоро ба гузоштани саҳми бештар дар барномаҳои ободонии пойтахти Русия маҷбур кунанд. Бино ба фарзияи дигар, пулис дар бозорҳо коргоҳҳои махфии тавлиди криптовалюта ва каналҳои интиқоли маблағҳои бузург ба хориҷи Русияро меҷӯяд. Худи мақомоти пулис тафтиши асноди муҳоҷиронро ҳадафи асосии амалиёти ахир меномад. Дар ҳар сурат, аз ин рейдҳо асосан муҳоҷирони бечора азият мебинанд. Рӯзи 11 март дар Люблино даҳҳо муҳоҷири тоҷик дастгир шуданд. Дар Food City низ садҳо нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Қаблан сомонаи "Ахбор” гузориш дода буд, ки субҳи 11 март, соати тақрибан 5 нирӯҳои вижаи пулис ва муҳоҷирати Русия дар тақрибан 100 мошину автобус вориди бозорҳои "Люблино” ва "Садовод” – ду бозори бузургтарини шаҳри Маскав шуданд. Дар ҷараёни рейд даҳҳо муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дастгир шудаанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳадафи асосии амалиёт "калон”-ҳои ин ду бозор будаанд, ки ба интиқоли ғайриқонунии маблағҳои бузург ба хориҷ аз Русия ва сохтани коргоҳҳои тавлиди криптовалюта дар дохили бозор гумонбар мешаванд. Аз ҷумла дар бораи боздошти роҳбари ширкати боркашонии туркии "Скор Лоҷистик” Курт Улмуш дастгир шудааст.

Вале муҳоҷирони тоҷик ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки нирӯҳои пулис бо истифода аз фурсат ба "шикор”-и муҳоҷирон пардохтанд ва асосан тоҷикҳову ӯзбекҳоро дастгир карданд. Дар бозорҳои "Садовод” ва "Люблино” тақрибан 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон