РЕЙДИ ГУСТАРДАИ НИРӮҲОИ ПУЛИС ДАР БОЗОРҲОИ “ЛЮБЛИНО” ВА “САДОВОД” (ВИДЕО)

Субҳи 11 март, соати тақрибан 5 нирӯҳои вижаи пулис ва муҳоҷирати Русия дар тақрибан 100 мошину автобус вориди бозорҳои "Люблино” ва "Садовод” – ду бозори бузургтарини шаҳри Маскав шудаанд. Дар ҷараёни рейд даҳҳо муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дастгир шудаанд. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳадафи асосии амалиёт "калон”-ҳои ин ду бозор будаанд, ки ба интиқоли ғайриқонунии маблағҳои бузург ба хориҷ аз Русия ва сохтани коргоҳҳои тавлиди криптовалюта дар дохили бозор гумонбар мешаванд. Аз ҷумла дар бораи боздошти роҳбари ширкати боркашонии туркии "Скор Лоҷистик” Курт Улмуш дастгир шудааст. Вале муҳоҷирони тоҷик ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки нирӯҳои пулис бо истифода аз фурсат ба "шикор”-и муҳоҷирон пардохтанд ва асосан тоҷикҳову ӯзбекҳоро дастгир карданд. Дар бозорҳои "Садовод” ва "Люблино” тақрибан 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон