расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Нахустин бор бонувон дар қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон

. / Варзиш

Нахустин бор бонувон дар қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон

Ин сабқатҳо миёни бонувон дар ду вазн баргузор гардиданд.

Сурат: judo.tj
Бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик имсол қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон миёни бонувон баргузор гардид. Дар сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон, ки 13-15-уми ноябр баргузор шуданд сабқатҳо миёни бонувон дар ду вазн -57 ва -70 кг сурат гирифт.
Дар вазни -57 Аҳлия Муъминова мақоми аввал, Шукрона Қарчиева мақоми дувум ва Ватансултону Шакаршоеваву Ҷаннатхон Қурбоналиева мақомҳои сеюмро соҳиб шуданд.
Медали тиллои вазни -70 бонувон насиби бонуи ҷудокори шинохтаи тоҷик Шоҳида Қаландарова шуд. Медали нуқраро Фазилат Гулбоева ва медалҳои биринҷиро Гулафзо Гуловаву  Мавлуда Одинаева аз худ намуданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон аз шисоби бонувони ҷудокор ҷоизадорони мусобиқоти осиёиву ҷаҳонӣ дорем, вале бори нахуст буд, ки бонувон дар сабҳатҳои қаҳрамонии кишвар барои ба даст овардани унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Дар рақобатҳо миёни мардон қаҳрамонони 7 вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд.  Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 сабқатҳо дар толор бидуни ҳузури мухлисон доир шуд, вале раванди тамоми мусобиқотро телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим намоиш доданд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.