ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ШЁЛКОВОИ ВИЛОЯТИ МАСКАВ

Консулгарии Тоҷикистон ва Намояндагии вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Маскав қазияи латтукӯби як зани тоҷик дар мағозаи хӯроквории "Магнит" дар шаҳри Шёлковои вилояти Маскавро таҳқиқ мекунанд. Ҳафизахон Бутаеваро фурӯшандаи мағоза шоми 3 март ба дуздӣ айбдор карда, чунон задааст, ки косахонаи сари Бутаева шикастааст. Ин зан ба додситонии Шёлково шикоят бурдааст, вале кормандони пулис барои пешгирӣ аз ин шикоят ӯро аз додситонӣ бардошта, рост ба додгоҳ бурдаанд ва додгоҳ ҳам зуд ҳукми ихроҷи Бутаева аз Русияро баровардааст. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Намояндагӣ ба сомонаи «Ахбор» гуфт, ки ба Бутаева барои ҳимоят аз ҳуқуқаш ёрии лозими ҳуқуқӣ расонда мешавад ва аз ҷумла то куҷо қонунӣ будани ҳукми ихроҷи ӯро баррасӣ хоҳанд кард.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 9 март дар суҳбат бо сомонаи «Ахбор» гуфт, мақомоти консулгарии генералии Тоҷикистон ва Намояндагии онҳо аз рӯзи аввал қазияи латтукӯби Ҳафизахон Бутаева дар мағозаи "Магнит" дар шаҳри Шёлковоро пайгирӣ доранд ва ба ин зан тамоми кумаки лозими ҳуқуқӣ расонда хоҳад шуд.

Иброҳим Аҳмадов гуфт: «Алҳол шаҳрванд дар беморхона табобат мегирад. Консулгарӣ ба прокуратураи шаҳри Шёлково мактуби расмӣ ирсол кард ва қазия ҳоло зери назорати муовини прокурор қарор дорад. Баррасии аризаи Бутаева дар прокуратура шурӯъ шудааст.»

Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин гуфт, ки мақомоти консулгарӣ ва Намояндагӣ ба масъалаи ҳукми ихроҷи ин шаҳрванди Тоҷикистон низ машғул ҳастанд ва ба ӯ дар ин масъала низ кумак мерасонанд: «То кадом андоза қонунӣ будани ихроҷи ӯро баррасӣ мекунем.»

Валентина Чупик, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав низ дар гуруҳи «Мы, мигранты» хабар дод, ки таҳқиқи қазияи Ҳафизахон Бутаеваро ба дасти худ гирифтааст ва рӯзи душанбе бо мақсади мулоқот ва баҳси ин мавзӯъ бо мақомоти пулис ва додситонӣ ба шаҳри Шёлково меравад. Валентина Чупик аз қавли намояндаи консулгарии Тоҷикистон Манучеҳр Исматов хабар дод, ки сафорат дар робита ба қазияи Бутаева ба унвони вазорати корҳои хориҷии Русия як нота омода карда истодааст.

Валентина Чупик навишт, ки Ҳафизахон Бутаева 15 июли соли 2018 бо як зани фурӯшандаи ҳамин мағозаи хӯрокворӣ барои он ки ба вай йогурти замони истеъмолаш гузаштаро фурӯхтаанд, даъво карда буд ва иттифоқан рӯзи 3 март ҳамон фурӯшанда Бутаеваро беасос ба дуздӣ айбдор ва интиқомҷӯёна латтукӯб кардааст. Ба навиштаи Чупик, ин фурӯшанда баъди ҷанҷоли аввал ба писари 9-солаи Бутаева таҳдид карда будааст, ки агар як бори дигар дар ин мағоза пайдо шаванд, дасту пояшонро мешиканад ва касе ӯро чизе нахоҳад гуфт, чунки шавҳараш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад.

Valentina Chupik shared a post.

Вот эта девочка ко мне обратилась... Оторопь берёт от этой истории. Но не всех: сегодня всем знакомым журналистам отправила её историю - никому не интересно!
Тут всплыли новые подробности: оказывается, ещё 15 июля 2018 года Хафиза заходила в этот магазин, купила там просроченный йогурт, устроила скандал, добилась возврата денег и проверки супервайзера. И та самая продавщица, которая избила её 4 марта, угрожала её 9-летнему сыну, что если он хоть раз в этот магазин зайдёт - она ему лично руки-ноги переломает, и ей за это ничего не будет, потому что её муж работает в уголовном розыске!
Вот где корень зла! Вот почему её ложно обвинили в воровстве - потому что муж продавщицы легко мог сфальсифицировать дело против неё! Вот почему к ней ТАК относились в полиции!
Кроме того, только что звонил 1й секретарь посольства Таджикистана Исматов Манучехр и сказал, что Хафизахон уже была в посольстве 7 марта, оставила там заявление. Посольство будет заниматься её делом, и в понедельник направит ноту в МИД. Вероятно, именно то, что нота в МИД будет направлена только в понедельник, Хафизахон восприняла как неготовность посольства помочь ей немедленно.
В понедельник, помимо ноты в МИД, мы сами пойдём в прокуратуру, СК, УСБ по МО, консульство...

 Қазияи Ҳафизахон Бутаеваро рӯзи 8 март Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав расонаӣ кард. Каримҷон Ёров бо ирсоли 17 акс дар Фейсбук навишт, ки Бутаеваро шоми 3 март дар мағозаи хӯроквории "Магнит" дар шаҳри Шёлково фурӯшандаи мағоза ба дуздӣ айбдор карда, чунон задааст, ки косахонаи сараш шикастааст. Сипас Бутаеваро ба пулис супурдаанд. Дар онҷо шаҳрванди Тоҷикистонро 10 соат нигоҳ дошта, таҳдид кардаанд, ки дар ягон ҷо лаб накушояд. Ҳафизахон Бутаева ба додситонии ноҳияи Шёлково шикоят бурдааст, вале кормандони пулис ӯро аз додситонӣ рабуда, рост ба додгоҳ бурдаанд ва додгоҳ ҳам зуд ҳукми ихроҷи ӯро баровардааст.

Каримджон Ёров

Продавщица магазина "Магнит" в Щёлково, 3 марта вечером заподозрила гражданку Таджикистана в воровстве и сказала все вы таджики воры и вот так избила, что все кости черепа переломала.Она вызвала полицию и скорую - полиция скорую прогнала,забрала в отдел, 10 часов продержали в клетке и велела никому не говорить. Она пошла жаловаться в прокуратуру Щёлковского района МО, прокурор направил на медобследование, оттуда её похитили полицейские, избили, ещё 6 часов продержали, отвезли в суд и депортировали. Она опять к прокурору - полицейские опять избили.По ее словам, она звонила в консульство и ей сказали сейчас никого нет, звони в рабочие дни.Многим СМИ оповестили, никому это не интересно, чтобы об этом писать. Дикая история вообще.

  

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон