ЭЪТИРОЗИ ПАХТАКОРОНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИ БИНОИ ҲУКУМАТИ АРМАНИСТОН ДАР ЕРЕВАН (ВИДЕО)

Рӯзи 7 март як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои ҳукумати Арманистон дар шаҳри Ереван эътироз карданд. Онҳо шикоят доранд, ки соҳибкори арманӣ Гагик Хачикян онҳоро дар заминҳои пахтааш кор фармуд, вале бо вуҷуди онки ҳосили пахта кайҳо ғундошта шудааст, пули онҳоро намедиҳад. Аз 10 пахтакори тоҷик нисфаш ноумед шуда, бепул ба ватан баргаштаанд, вале бақия мегӯянд, танҳо баъди рӯёндани тақрибан 15 ҳазор доллар пули маошашон ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд. Онҳо мегӯянд, феълан барои бозгашт ба Тоҷикистон пул надоранд.

 

Нашрияи армании News.am бо нашри як видео хабар дод, ки рӯзи 7 март як гуруҳи пахтакорон аз Тоҷикистон бо эътироз дар назди бинои ҳукумати Арманистон дар маркази шаҳри Ереван гирди ҳам омаданд.

Ин муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз моҳи май дар заминҳои пахтаи Гагик Хачикян ном соҳибкори арманӣ кор кардаанд, вале пули кори худро то ҳол нагирифтаанд.

Яке аз эътирозгарон, ки марди тоҷики ришсафеде буд, дар мусоҳибаи видеоӣ мегӯяд, ки Хачикян тақрибан 15 ҳазор доллар пули маоши пахтакорони тоҷикро надодааст: "Дар деҳаи Аракс дар наздикии Эчмиадзин мо пахта коридем, вале 6 моҳ боз наметавонем пуламонро аз Гагик Хачикян бигирем. Мо аз моҳи май дар инҷо кор мекунем ва танҳо барои се моҳи аввал пул гирифтем. Агар дар Арманистон қонун бошад, пас пули моро бирӯёнанд. Моро дар Тоҷикистон оилаҳоямон мунтазиранд, вале пул надорем, ки ба хона баргардем.”

Дар пахтазорҳои Хачикян дар маҷмӯъ 10 нафар аз Тоҷикистон кор мекарданд, вале 5 нафари онҳо ноумед шуда, бе пули маошашон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Пахтакорони боқимонда мегӯянд, барои бозгашт ба хона пул надоранд ва танҳо вақте ки пулашонро бигиранд, метавонанд билохира ба Тоҷикистон бираванд.

Соҳибкор аз ноҳияи ГаварГагик Хачикян солҳои тӯлонӣ ба воридоти пахта аз Тоҷикистон ба Арманистон машғул буд. Ӯ соли 2015 ба Арманистон баргашта, дар пайи дар ватани худаш ба роҳ мондани кишти пахта шуд. Ӯ ба ин мақсад аз Тоҷикистон пахтакорони ботаҷрибаро ба Арманистон овард.

Пахтакорони тоҷик мегӯянд, Хачикян аз онҳо барои ҳосили порсолаи пахта тақрибан 15 ҳазор доллар қарздор аст, вале имрӯз-пагоҳ карда, пулашонро надода истодааст.

Ин барои аввалин бор аст, ки дар бораи барои муҳоҷирати корӣ ба Арманистон рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш мешавад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон