ҲАР РӮЗ 98 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИ РУСИЯ МЕШАВАД

Навбати тӯлонӣ дар назди идораи муҳоҷирати Русия дар шаҳри Душанбе. Январи соли 2017

Бино ба омори расмии вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли гузашта 35,7 ҳазор зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз 98 нафар аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, табааи Русия мешаванд. Қаблан Росстат хабар дода буд, ки дар соли 2018 дуруст 31031 зодаи Тоҷикистон барои зиндагии доим дар Русия мондаанд. Тоҷикистон аз ин лиҳоз, бино ба омори Росстат, бо таъмини чоряк ё 25 дарсади рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷират (миграционный прирост) дар ин сабқат байни кишварҳои дунё ҷои аввалро ба даст овард.

 

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 6 март омори марбут ба шумори хориҷиёнеро, ки соли 2018 шаҳрванди Русия шудаанд, нашр кард. Бино ба ин омор, соли гузашта 269, 4 ҳазор хориҷӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ки ин назар ба 135,8 ҳазор нафари соли 2013 ду маротиба бештар аст. Аз ҳама бештар дар соли 2018 зодагони Украина – 83 ҳазор нафар ва аз Қазоқистон – 45,3 ҳазор нафар – шаҳрванди Русия шудаанд. Тоҷикистон дар ин сабқат бо 35,7 ҳазор нафар дар ҷои сеюм аст. ВКД Русия ҳамчунин хабар дод, ки соли гузашта 27,1 ҳазор зодаи Арманистон ва 21 ҳазор зодаи Ӯзбекистон шаҳрванди Русия шудаанд.

Зодагони Тоҷикистон ба ин тартиб, беш аз 13 дарсади хориҷиёнеро, ки шаҳрванди Русия шудаанд, ташкил додаанд. Ба ҳисоби миёна, бино ба омори ВКД Русия, ҳар рӯз 98 зодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашида, ба хайли табааи Русия мепайванданд.

Ду ҳафта пеш Росстат, идораи омори Русия, омори рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон (миграционный прирост) дар соли 2018-ро нашр карда буд. Бино ба он омор, "чемпион”-и соли 2018 дар сабқати таъмини рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон Тоҷикистон шудааст. Соли 2017 ҷои якумро Украина гирифта буд.

Соли гузашта 31031 зодаи Тоҷикистон барои иқомати доим дар Русия мондаанд. Ин назар ба соли 2017 тақрибан 3,5 ҳазор нафар камтар аст, вале бо ин вуҷуд дар соли 2015 Тоҷикистон дар умум 25 дарсади рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷиронро таъмин кардааст.

Ҷои дуюмро бо 26520 нафар Қазоқистон ба даст овард ва ба дунбол Украинаву Арманистон мутаносибан бо 14822 ва 14358 нафар ҷойгир шудаанд. Саҳми Ӯзбекистону Қирғизистон – ду кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ дар таъмини рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон хеле камтар аст- 6807 ва 8988 нафар, яъне дар муқоиса бо Тоҷикистон Ӯзбекистон 4,5 маротиба ва Қирғизистон 3,5 маротиба одами камтар барои зиндагии доимӣ дар Русия додаанд.

Русия ҳар сол ба 110 ҳазор нафар иҷозатнома барои иқомати муваққат (РВПва ба даҳҳо ҳазори дигарҳаққи иқомат медиҳадОнҳоеки соҳиби РВП ё ҳаққи иқомат дар Русия мешавандбаъди се солметавонанд барои гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ариза диҳанд.

Ҳамин таврРусия тавассути барномаи "Переселение” ё "Соотечественники” ҳар сол даҳҳо ҳазорнафарасосан аз қишрҳои таҳсилкарда ва мутахассисро аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ бароизиндагии доимӣ ба қаламрави худ мекӯчонад.

Ҳар сол дар аввали моҳи январ дар назди намояндагии бахши муҳоҷирати ВКД Русия дар Душанбефақат барои номнавис кардан ба навбати хоҳишмандони кӯчидан ба Русия садҳо нафар ҷамъмешавандМоҳи январи соли 2018 ин навбати бузургро ҳатто бо ҷалби нирӯҳои ОМОН парокандакарданд.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан ним миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр карда ва аксари онҳо бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш астки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтархудро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянддаршароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯяндбарои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳангичандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳоиҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани "роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дарпеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепояндҷомиашиносон азяк паёмади ногувори ин тамоюл  фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дарТоҷикистон  бонги изтироб мезанандОнҳо мегӯяндкишварҳои хориҷӣбахусус Русиямутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибонмуҳандисонустоҳо ванамояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бонафарони бетаҷрибаеки тоза аз донишгоҳ берун шудаандпур кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон