ТОРУМОРИ ЯК ДАСТАИ МАФИЯИ ТОҶИКӢ БО САРКАРДААШ ДАР МАСКАВ

Роҳбари шинохтаи олами ҷиноӣ Лутфулло Муҳаммадиев, ки бо номи Анвар ҳам маъруф аст, расман ба даст доштан дар 4 куштор айбдор шуд. Бино ба гузориши «Росбалт», ин корманди собиқи ВКД баъди ба Русия рафтан як гуруҳи ҷиноии бераҳмеро ташкил дод, ки аз муҳоҷирон ва тоҷирони тоҷик дар шаҳру вилояти Маскав ҳақ меситонд ва норозиҳоро аз байн мебурд. Ҳамаи 4 қурбонии гуруҳи Лутфулло ҳамватанҳои ӯ аз Тоҷикистон будаанд. Ӯ аз ҷумла бо афродаш соли 2009 дар бозори «Эмерал» бачаҳои Ванҷро тирборон карданд, ки 5 нафар захмӣ шуда, яке аз ин захмиён баъдан ҷон дод. Баъдан дар як «разбор» боз ду нафари дигар қурбони Лутфулло шуданд. Тафтишот мегӯяд, соли 2014 Лутфулло Муҳаммадиев шахсан худаш Шуҳрат Яхшимуродов, мулаққаб ба «Шуха», як «авторитет»-и дигари тоҷикро кушт. Ҳоло аксари аъзои гуруҳи Лутфулло ҳабс шудаанд ваё дар ҷустуҷӯ қарор доранд. «Росбалт» менависад, ин гуруҳи мафиозӣ амалан аз байн бурда шуд.

Хабаргузории русии «Росбалт» дар як матлаб бо номи «Конец вендеттам таджикской мафии” хабар дод, ки "авторитет”-и тоҷик Лутфулло Муҳаммадиев (Анвар) расман ба 4 куштор айбдор мешавад ва бо ҳабси ӯву аксари ёронаш ин гуруҳи хатарнок торумор карда шуд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба "Росбталт” гуфтааст, ки парвандаи Лутфулло Муҳаммадиев рӯз то рӯз бо ҳолатҳои нави ҷиноятӣ пуртар мешавад.

Аз ҷумла муайян карда шудааст, ки соли 2009 байни гуруҳи Лутфулло ва бачаҳои Ванҷ бар сари тақсими доираи нуфузашон дар чанд бозори Маскав муноқиша сар мезанад. Онҳо рӯзи 6 сентябри ҳамон сол дар бозори бозори "Эмерал”, воқеъ дар километри 25-уми МКАД (Шоҳроҳи ҳалқавии атрофи Маскав) "стрелка” (дар луғати олами ҷиноӣ – ҷамъомади тарафҳои ҷанҷол барои ҳалли қазия) мезананд. Баҳс ё "разбор”-и ду гуруҳ натиҷа надод, балки ибтидо ба занозанӣ ва дар ниҳоят ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа, 5 нафар тир хӯрда, якеи онҳо баъдан дар бемористон вафот кард. "Росбалт” менависад, тафтишот муайян кардааст, ки тири марговарро маҳз худи Лутфулло холӣ кардааст.

Баъди чанде як узви дастаи Лутфулло(Анвар) бо намояндагони як гуруҳи дигари тоҷикҳо вориди муноқиша шуд. Дар он муноқиша бародари яке аз ёрони наздики Лутфулло ҷароҳат бардошт. Гангстер барои гирифтани интиқоми бародараш ба гуруҳи рақиб ҳамла кард. Онҳо ӯро барои "разбор” (ҳаллу фасли қазия) ба майдони назди се вокзали роҳи оҳани Маскав даъват карданд ва бо корд ӯро тақрибан реза-реза карданд. Лутфулло қарор кард, ки интиқоми ёри худро бигирад, вале рақибон пинҳон шуданд. Нафарони Лутфулло як шиноси онҳоро ёфтанд ва таҳти шиканҷа ӯ хабар дод, ки он нафарон дар як манзили иҷора дар шаҳраки Пушкино пинҳон шудаанд. Лутфулло бо ҷангиёнаш ба онҷо омада, вориди хона шуданд ва ду ҳамватани худро тирборон карданд.

Тафтишот ҳамчунин муайян карда, ки Лутфулло дар соли 2014 яке аз намояндагони бонуфузи мафияи тоҷикӣ Шуҳрат Яхшимуродов, мулаққаб ба "Шуха”-ро худаш шахсан куштааст, то ҷойгоҳашро дар олами ҷиноии тоҷикони Русия мустаҳкамтар кунад.

Дар авоили солҳои 2000 Шуҳрат Яхшимуродов, ки бо "дузди қонунӣ” Олег Ашхабадский хеле наздик буд, ба ҳайси "смотрящий”, яъне нозир ё чашму гӯши "дуздони қонунӣ” назорати гуруҳҳои ҷиноии иборат аз зодагони Тоҷикистонро дар Маскав назорат мекард. Ба ӯ "авторитет”-и маъруф бо номи Мустафо ва корманди собиқи ВКД Тоҷикистон Лутфулло Муҳаммадиев кумак мекарданд.

Вале Мустафо баъди чанде кушта шуд. Қабл аз маргаш, Мустафо барои амнияти худ эҳсоси хатар мекард ва ба ин далел дар вилояти Кострома хона харида, оилаашро ба онҷо кӯчонд. Як рӯз Мустафо ба домофон занг зад. Ҳамсараш ӯро дида, дари даромадгоҳи биноро кушод, вале аз онҷо садои тир баланд шуд. Қотилон дар дохил мунтазири Мустафо будаанд ва ба бадани "авторитет”-и мафияи тоҷикӣ 14 тир холӣ карданд.

Баъди марги Мустафо, байни Шуҳрат ва Лутфулло барои мақоми роҳбарӣ бар мафияи тоҷикӣ доим муноқишаҳо сар мезаданд. Шуҳрат Лутфуллоро таъна мезад, ки ӯ қаблан корманди милиса буд ва ин дар олами ҷиноӣ бад қабул мешавад. Лутфулло бошад дар ҳалқаи наздиконаш Шуҳратро ба даст доштан дар қатли Мустафо айбдор мекард ва мегуфт, интиқоми ин хешовандашро хоҳад гирифт.

"Росбалт” менависад, тафтишот муайян кардааст, ки соли 2014 Шуҳрат Яхшимуродовро дар шаҳри Видное аз пистолети худи Шуҳрат паррондааст.

Бино ба ин гузориш, ба мақомот муяссар шудааст, ки аксари аъзои дастаи Лутфуллоро дастгир кунанд. Бақияро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Ба ин тартиб, менависад "Росбалт”, ин дастаи мафияи тоҷикӣ дар шаҳру вилояти Маскав торумор шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон