БАРГАШТ, КИ ДАР ВАТАН БИМИРАД... АҚАЛАН МУРДАИ САИД МИСЛИ ЗИНДАИ Ӯ САРГАРДОН НАШУД (ВИДЕО)

Саид Холов, ки се моҳ пеш бачаҳои тоҷик ин муҳоҷири тоҷикро пул ҷамъ карда, аз Русия ба Тоҷикистон фиристода буданд, рӯзи 1 март дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҷомӣ аз олам чашм пӯшид. Саид аз он хайли бузурги муҳоҷирони тоҷик аст, ки бо ҷисми ҷавон ва тани бардам роҳи Русияро пеш гирифта, дар он мулки ғурбат дармонданд ва дар охир, вақте аз по афтоду дигар барои ҳамсари русаш нодаркор шуд, ҷисми мариз ва тани абгору дар айни ҷавонӣ пиру фартутшудаи худро ба Ватан пас овард. Се моҳ пеш, вақте Саидро аз фурудгоҳи Маскав ба Душанбе гусел мекарданд, ӯ хитоб ба дигар муҳоҷирони тоҷик гуфт: "Бачаҳо, кор кунед, хонагиҳоятонро фаромӯш накунед, касал нашавед, аз по наафтед!” Шукр, ки мурдааш мисли зиндаи Саид саргардон нашуд, дар Ватан ба хок супурда мешавад.

Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки се моҳ пеш барои ба Ватан фиристодани Саид Холов маъракаи ҷамъоварии кумакро ба роҳ андохта буд, рӯзи 1 март дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мутаассифона, ин муҳоҷири ҳанӯз ҷавони тоҷик рӯзи 1 март ба раҳмати Ҳақ пайвастааст.

Сомонаи "Ахбор” дар бораи чӣ гуна аз по афтодану ба чӣ сахтиҳо рӯбарӯ шудани Саид Холов дар Русия гузориши муфассале бо видео таҳия карда буд. Ин гузориш рӯзи 3 декабри соли 2018, дар рӯзи бо сад орзуву умед ба Ватан баргаштани Саид Холов нашр шуда буд.

Саид ҳанӯз хабар надошт, ки фурсати умраш тақрибан тай шуд ва ӯ ба Ватан барои мурдан меравад. Зиндагии Саид ҳама дар мулки ғурбат гузашт, ҳадди ақал мурдааш мисли зиндаи ӯ саргардон нашуд, дар Ватан ба хок супурда мешавад...

Ин гузоришро дар бораи Саид Холов ва азобҳояш дар Русия инҷо метавонед бихонед:

БАЧАҲОИ ТОҶИК ЯК МУҲОҶИРИ БЕМОРРО БА ВАТАН ФИРИСТОДАНД

 

Саид Холов, сокини ноҳияи Хатлон, ки қариб ду моҳ боз дар як бемористон дар вилояти Маскав бемори бистарӣ шуд, рӯзи 3 декабр бо кумаки бачаҳои тоҷик ба Ватан фиристода шуд.Пули чиптаи парвози Саидро Мансур Нигматов, мудири ширкати Tojikon Holiday харида, муҳоҷирони тоҷик барои ӯ сару либосу як каме савғо харида, як миқдор пул ҳам барояш ҷамъ овардаанд. Саид дар фурудгоҳ қабл аз парвоз ба Душанбе ба дигар муҳоҷирони тоҷик гуфт: "Бачаҳо, кор кунед, хонагиҳоятонро фаромӯш накунед, касал нашавед, аз по наафтед!”

Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик рӯзи 3 декабр ба сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки Саид Холов, як муҳоҷири тоҷик аз вилояти Хатлонро билохира имрӯз бо ҳавопаймои "Сомон Эйр” ба Тоҷикистон фиристоданд: "Пули чиптаи парвози ӯро Мансур Нигматов, мудири ширкати Tojikon Holiday пардохт кард. Бачаҳои тоҷик барои Саид ҳамчунин 15 ҳазор рубл ҷамъ оварданд ва дина ӯро бурда, барояш сарулибоси нав ва як миқдор савғо ҳам харидем, ки дасти холӣ ба Ватан наравад.”

Саид Холовро, ки бар асари зарби сутунмуҳрааш ҳаракат карда наметавонад, дар мошини "Ёрии таъҷилӣ” то фурудгоҳ оварданд ва бо аробачаи маъюбӣ то дари ҳавопаймо бурданд.

Сомонаи "Ахбор” ду ҳафта қабл хабар дода буд, ки муҳоҷирони тоҷик барои ба Ватан фиристодани Саид Сайраҳмонович Холов кумак мехоҳанд.

Муҳаммад Собиров, ки бо ду тоҷики дигар ба аёдати Холов Саид рафта буд, гуфт, Саид беш аз як моҳ боз дар бемористони деҳаи Давидовои ноҳияи Орехово-Зуевои вилояти Маскав бистарист. Ӯро мошини "Ёрии таъҷилӣ” то бемористон овардааст ва дар муддати ин як моҳ, ба гуфтаи табибон, касе, ҳатто ҳамсари русаш ба хабаргирии Саид наомадааст.

Бачаҳои тоҷик Саидро дар ҳоле пайдо карданд, ки дар қабати сеюми бинои бемористон, дар бахши ҷарроҳӣ дар як роҳрав хоб буд ва мустақилона роҳ гашта наметавонист.

Дар видеое, ки дар фурудгоҳи Маскав қабл аз парвози Саид ба Ватан сабт кардаанд, ӯ ба ҳамватанони дигари муҳоҷираш изҳори сипос кард ва ҳамчунин гуфт: "Бачаҳо, кор кунед, хонагиҳоятонро фаромӯш накунед, касал нашавед, аз по наафтед!”

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон