расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Президенти пешини Косово дар додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ гуфт, “бегуноҳ” аст

. / Ҷаҳон

Президенти пешини Косово дар додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ гуфт, “бегуноҳ” аст


Собиқ президенти Косово Ҳошим Точи дар рӯзи аввалин мурофиаи додгоҳӣ дар Гаага гуфт, "бегуноҳ" аст

Раиси ҷумҳурии собиқи Косово Ҳошим Точи нахустин бор дар баробари додгоҳе дар Гаага ҳозир шуд, ки ҷиноятҳои ҷангии замони истиқлолталабиҳои Косово аз Сербистонро муҳокима мекунад. Ӯ солҳои 1998-99 фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово - як гурӯҳи шӯришӣ буд ва иттиҳомоте, ки додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ баррасӣ мекунад, ба ҳамон солҳо бармегардад. Точи баъди дарёфти иттило дар бораи ин ки Додгоҳи ҷиноёти ҷангӣ ӯро дар содир кардани чандин ҷинояти даврони ҷанги 20 соли пеш айбдор мекунад, рӯзи 5-уми ноябр аз мақоми президенти Косово истеъфо доду дар баробари палатаи коршиносони Косово дар додгоҳи Гаага ҳозир шуд. Точии 52-сола рӯзи 9-уми ноябр бо костюму шими хокистаррангу галстуки сурх дар баробари додгоҳ қарор гирифт ва гуфт, “ман гунаҳгор нестам” ва бо иттиҳомоти марбут ба ҷиноёти ҷангӣ “розӣ нестам”. Точиву ду гумонбари дигар аз аъзои Артиши озодихоҳи Косово ҳамон шоми 5-уми ноябр ба додгоҳ интиқол ёфтанд. Собиқ президенти Косово ваъда дод, ки бо додгоҳ ҳамкорӣ мекунад. Додгоҳ дар навбати худ гуфт, ки мувофиқи муқаррарот бояд мутмаин бошад, ки “ҳуқуқи айбдоршавандаҳо, аз ҷумла, ҳуқуқ барои намояндагӣ аз онҳо, таъмин шудааст ва айбдоршавандаҳо дар бораи иттиҳоме, ки барои он посух медиҳанд, дарак доранд”. Ба ҳайати Палатаи коршиносони Косово дар додгоҳи Гаага чор додрас ва як намояндаи додситонӣ шомил ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.