РАҶАБМОҲ ВА СЕ КӮДАКАШРО ПАҲЛУИ ҲАМ БА ХОК СУПУРДАНД...

Маросими ҷанозаи Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакаш -- Аҳмаду Фотима ваМуҳаммад субҳи 7-уми январ дар деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияиКушониён (собиқ Бохтар), баргузор шудИн модар ва се фарзандашро паҳлӯи ҳам дароромгоҳи ин деҳа ба хок супурданд.

 

Онҳо рӯзи 31-уми декабри соли 2018 дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ даршаҳри Магнитогорски Русия ҳалок шудандТобути Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзандаш шаби 6-умиянвар аз Екатеринбурги Русия ба Душанбе оварда шуд.

Падари хонавода Шӯҳрат Улфатов дар ҳодисаи Магнитогорск шадидан маҷруҳ шуда, дар бемористони вилоятии Челябинск аст ва ба қавли наздикон аз фавти зану кӯдаконаш хабар надорад.

 

Маросими ҷанозаи чор узви ин хонавода бо ҳузури хешу наздикон ва мардуми маҳал баргузор шудааст. Дар ин маросими ҷаноза Искандар Солеҳзода, сардори раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Хатлон, Маҳмудҷон Хоркашов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ин вилоят ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Кӯшониён низ ширкат доштанд.

Қабл аз интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон, маросими видоъ бо Раҷабмоҳ Исова ва фарзандонаш рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Магнитогорск низ баргузор шуда буд ва дар он даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ва хешовандони оилаи Улфатовҳо ширкат доштанд.

Маросими видоъ дар Магнитогорск дар наздикии масҷид сурат гирифт ва бо вуҷуди барфу ҳавои сард даҳҳо нафар барои видоъ гуфтан бо Раҷабмоҳ Исоева се тифли хурдсоли ӯ ба маросим омаданд ва барои онҳо дуо карданд.

Фоҷеа дар Магнитогорск

Як қисми бинои даҳошёна дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳодиса бар асари таркиши гази табиӣ рух додааст. Дар натиҷа 39 хона пурра ва даҳ манзил қисман хароб шудааст ва 39 нафар ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, биноеро, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз он 39 нафар ба ҳалокат расиданд, комилан вайрон мекунанд. Намояндагони ҳукумати шаҳри Магнитогорск рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки 9 бинои дигар барои зиндагӣ муносиб аст ва дар ҷояшон мемонанд.

Дар Русия, ки тақрибан 1 миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд, дар садамаву фалокатҳои бузург, муҳоҷирони тоҷик ҳам ё осеб мебинанд ва ё ба ҳалокат мерасанд.

Бознашр аз радиои "Озодӣ”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон