ВИДЕОИ МАРОСИМИ ВИДОИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БО МОДАРУ СЕ ФАРЗАНДИ ҒӮРРАМАРГАШ

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Магнитогорски Русия рӯзи 5 январ, пеш аз фиристодани тобутҳои Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди маъсуми ӯ ба Тоҷикистон намози ҷанозаи онҳоро доир карданд. Наздикони мотамзадаи ин модару се кӯдаки ҳалокшуда видеои барои Бобои барфӣ шеър хондани Аҳмади шашсоларо нишон медиҳанд ва мегӯянд, ин видео ҳамагӣ се рӯз пеш аз марги ӯ сабт шудааст. Падари ин кӯдакон Шуҳрат Улфатов дар бемористони Челябинск дар ҳоли кома қарор дошта, то ҳол хабар надорад, ки дар дунё танҳои танҳо мондааст, ҳам ҳамсар ва ҳам ҳарсе фарзандаш ба ӯ видоъ нокарда, ба раҳмати Ҳақ пайвастанд...

Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзандаш – Аҳмади шашсола, Фотимаи чорсола ва Саймуҳсиддини сесоларо рӯзи 7 январ дар деҳаи Малик Гиёеви ноҳияи Кӯшониён ба хок месупоранд. Онҳо субҳи барвақти 31 декабр дар айни хоб бар асари фурӯ рафтани бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон