ТОБУТҲОИ РАҶАБМОҲ ВА СЕ ФАРЗАНДАШРО ШОМИ 6 ЯНВАР БА ТОҶИКИСТОН МЕОРАНД (ВИДЕО)

ТОБУТҲОИ РАҶАБМОҲ ВА СЕ ФАРЗАНДАШРО ШОМИ 6 ЯНВАР БА ТОҶИКИСТОН МЕОРАНД (ВИДЕО)

Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ғӯррамаргаш – Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-соларо шоми 6 январ бо ҳавопаймои "Сомон Эйр” аз Екатеринбург ба Тоҷикистон меоранд. Ҳавопаймо бо ин 4 тобут тибқи ҷадвал бояд соати 17:10 дар фурудгоҳи Душанбе бинишинад. Раҷабмо Исоева ва се фарзандаш бар асари таркиши субҳи 31 декабри бинои истиқоматиашон дар шаҳри Магнитогорски Русия ҷон доданд. Падари ин кӯдакон – Шуҳрат Улфатов дар бемористони шаҳри Челябинск қарор дошта, ҳанӯз хабар надорад, ки дар он фоҷиа ӯ аз зану фарзандонаш маҳрум шудааст.

Тобутҳои Раҷабмо Исоева ва се фарзанди ғӯррамаргаш - Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-соларо шоми 6 январ бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр” аз Екатеринбург ба Душанбе меоранд. Тибқи ҷадвал, ҳавопаймо бо тобути муҳоҷирони тоҷики шаҳидшуда бояд соати 17:10 дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон фуруд биояд, вале дар сомонаи фурудгоҳи Душанбе навишта шудааст, ки ин парвоз бо таъхир сурат мегирад.

Тобутҳоро аз Душанбе ба ноҳияи Кӯшониён бурда, дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёҳев (собиқ Политотдел)-и ноҳияи Кӯшониён ба хок хоҳанд супурд.

Қабл аз фиристодани тобутҳои Раҷабмо Исоева ва се фарзандаш ба Тоҷикистон дар масҷиди шаҳри Магнитогорски Русия маросими ҷанозаи онҳо доир шудааст. Дар видео дида мешавад, ки як тобути бузург ва се тобути кӯчакро дар саҳни масҷид гузоштаанд ва намозгузорон барои адои намози ҷаноза ҷамъ мешаванд.

Соати тақрибан чори субҳи 31 декабр як подъезди бинои истиқоматӣ дар хиёбони Карл Маркси шаҳри Магнитогорски Русия бар асари таркиши балони газ фурӯ рафт. Дар ин фалокат дастикам 39 нафар, аз ҷумла 6 кӯдак ба ҳалокат расиданд. Баъди 4 рӯзи ҷустуҷӯ аз зери овори ин бино ҷасадҳои Раҷабмо Исоеваи 24-сола ва се фарзандашро низ берун кашиданд.

Падари ин тифлон Шуҳрат Улфатови 26-соларо ҳанӯз дар рӯзи аввал, баъди 7 соати фалокат бо пойҳои сармозада берун кашиданд. Ӯро рӯзи 2 январ барои идомаи табобат ба бемористони шаҳри Челябинск бурданд.

Бахтиёр, яке аз хешовандони Шуҳрат мегӯяд, ки ӯ ҳанӯз хабар надорад, ки дар он фоҷиа зану ҳарсе фарзандашро аз даст додааст.

Шуҳрат Улфатов аз соли 2004 дар Магнитогорск кору зиндагӣ мекард. Ҳарсе фарзанди ӯ дар ҳамонҷо ба дунё омадаанд.

Бархе расонаҳои русӣ таркиши бинои истиқоматӣ дар Магнитогорскро ҳамлаи террористӣ номида, фарзияеро доман заданд, ки гӯё дар як манзиле, ки шаҳрванди Тоҷикистон иҷора менишаст, барои анҷоми як ҳамлаи террористӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои Магнитогорск маводи таркандаи гексоген нигоҳ дошта мешуд.

Вале маълум шуд, ки сабаби фурӯ рафтани бино таркиши балони газ дар манзиле будааст, ки ба як сокини Магнитогорск тааллуқ дошт ва ба иҷора медод. Охирин иҷоранишини ин бино низ шаҳрванди Русия бо номи Наталя будааст, на кадом зодаи Тоҷикистон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон