МАТБУОТИ РУСИЯ ДАР ФОҶИАИ МАГНИТОГОРСК “ТЕРРОРИСТИ ТОҶИК” МЕҶӮЯД

Дар ҳоле ки дар шаҳри Магнитогорски Русия ҷустуҷӯи қурбониёни фоҷиаи субҳи 31 декабр, аз ҷумла модари тоҷик Раҷабмо Исоева бо се фарзандаш идома дорад, бархе расонаҳои русӣ фарзияи терроризмро матраҳ карда, навиштаанд, гӯё дар як манзиле, ки як зодаи Тоҷикистон рӯзи 30 декабр, ҳамагӣ як рӯз қабл аз таркиш дар ин бино иҷора гирифта буд, маводи таркандаи гексоген нигоҳ дошта мешуд. Бино ба гузориши нашрияҳои Знак.ком ва 74.Ру, гӯё террористон бо ин гексоген як фурӯшгоҳро дар Магнитогорск битарконанд. Аммо Кумитаи тафтишоти Русия ин фарзияро рад карда, гуфт, дар бинои тахрибшуда ягон нишонаи маводи тарканда ёфт нашудааст. То кунун аз зери харобаҳои бино 21 ҷасадро берун кашидаанд ва ҷустуҷӯи беш аз 20 нафари дигар, аз ҷумла Раҷабмо Исоева ва се фарзандаш идома дорад.

Субҳи барвақти 31 декабр дар хиёбони Карл Маркси шаҳри Магнитогорски Русия як подъезди бинои истиқоматӣ фурӯ рафт. То ин лаҳза аз зери харобаҳои бино 21 нафарро мурда ва 6 тани дигарро зинда берун кашидаанд. Сарнавишти беш аз 20 нафари дигар то ҳол маълум нест.

Дар байни онҳое, ки ҷустуҷӯяшон идома дорад, Раҷабмо Исоеваи 24-сола аз ноҳияи Кӯшониёни Тоҷикистон ва се фарзанди хурдсоли ӯ – Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-сола низ ҳастанд. Падари ин тифлакон Шӯҳрат Улфатови 26-соларо ҳамон рӯзи 31 декабр, баъди 7 соати фоҷиа пайдо карданд ва бино ба хабарҳо, рӯзи 2 январ ӯро барои идомаи табобат ба бемористони шаҳри Челябинск бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, шоми 1 январ дар ҳамон хиёбони Карл Маркс тақрибан 3 километр дуртар аз маҳалли фурӯ рафтани бинои истиқоматӣ, як микроавтобус таркид. Дар ин ҳодиса се нафар, аз ҷумла ронандаи мошин ҳалок шуданд. Волии Челябинск дар телеграм-каналаш навишт, ки ин микроавтобус бар асари таркиши балони газ мунфаҷир шудааст.

Аммо бархе расонаҳо таркиши микроавтобусро бо фурӯ рафтани бинои истиқоматӣ дар ҳамон хиёбон "часпонда”, фарзияи терроризмро дар ҳарду ҳодиса матраҳ кардаанд.

Аз ҷумла нашрияи Знак. Ком бо такя ба як манбааш хабар дод, ки ҳам фурӯ рафтани бинои истиқоматӣ ва ҳам таркиши микроавтобус ҳамлаи террористианд. Ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё маркази таркиши субҳи 31 декабр дар бинои истиқоматӣ муайян карда шудааст ва ин манзилест, ки гӯё як зодаи Тоҷикистон рӯзи 30 декабр, ҳамагӣ як рӯз қабл аз таркиш иҷора гирифта буд ва дар он маводи таркандаи гексогенро нигоҳ медошт.

Бино ба иддаои манбаи Знак.Ком, дар асл террористон мехостанд бо ин гексоген яке аз фурӯшгоҳҳоро дар Магнитогорск битарконанд.

Таркиши микроавтобус, ба гуфтаи ин манбаъ, ҳангоми таъқиби террористҳо рух додааст: "Се террорист кушта шуд, онҳо талош карданд, ки муқовимат нишон диҳанд. Як нафари онҳо зинда фирор кардааст ва ҳоло ҷустуҷӯяш идома дорад.”

Дар сомонаи Знак.Ком видеои лаҳзаи таркиши микроавтобус низ нашр шудааст. Дар видео садои тирпарронӣ ҳам ба гӯш мерасад.

Ҳамин фарзияро сомонаи дигари маҳаллии 74.Ру низ нашр кардааст ва сомонаҳои дигар бо такя баин ду нашрия дар бораи фарзияи ҳамлаи террористӣ дар Магнитогорск хабар додаанд.

Вале Кумитаи тафтишоти Русия ин фарзияро рад мекунад. Намояндаи расмии ин Кумита Светлана Петренко дар баёнияи расмиаш гуфт: «Гуруҳи тафтишотии Сарраёсати тафтиши парвандаҳои хеле муҳими Кумитаи тафтишоти Русия тафтиши сабабҳои фоҷиаи рухдода дар хиёбони Карл Маркси шаҳри Магнитогорскро идома медиҳад.

Тавре қаблан хабар додем, тафтишот тамоми фарзияҳои мумкини ҳодисаро месанҷад. Дар робита ба гузоришҳои гуногуни дар матбуот пайдошуда бояд таъкид кунем, ки дар ҳоли ҳозир дар қисматҳои тозакардаи харобаҳои бино мутахассисони маводи тарканда ягон нишонаи маводи тарканда ваё бахшҳои онро пайдо накардаанд.”

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар фоҷиаи Магнитогорск 8 узви хонаводаи боз як зодаи Тоҷикистон Маҳмадрозик Самиев низ нопадид шудаанд. Вале Сафар Сафаров, консули Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки ҳоло дар Магнитогорск қарор дорад, рӯзи 2 январ гуфт, бо аъзои ин хонавода суҳбат кардаанд ва онҳо ҳама сиҳату саломат буда, дар фоҷиаи субҳи 31 декабр, хушбахтона, осеб надидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон