"Саша Москва" гуфт, мазҳабиҳо ва "патриотҳо" ба ӯ таҳдид мекунанд. ВИДЕО

"Саша Москва" ба далоили амниятӣ номи аслии

"Саша Москва" ба далоили амниятӣ номи аслии

Як видео-блоггери тоҷик дар Инстаграм бо тахаллуси “Саша Москва”, ки таронаҳои машҳурро бозхонӣ мекунад, гуфт, гурӯҳи дигаре аз блоггерҳо, афроди мазҳабӣ ва “патриот”-ҳо бар зидди ӯ “ҷанг” эълон кардаанд. “Саша Москва”-и 23-сола аз шаҳри Душанбе буда, мегӯяд, бо далелҳои амниятӣ исми воқеӣ ва дигар мушаххасоти худро пинҳон медорад. Ӯ чанд сол боз дар пойтахти Русия зиндагиву таҳсил дорад ва ба ҳамин хотир тахаллуси "Москва"-ро гирифтааст.

Наметавонам 24 соат дар хона шинам. Бояд ба донишгоҳ равам. Вале ҳамеша эҳсоси хатар мекунам. Дар Маскав тоҷикҳо хеле зиёданд. Онҳо ҳатман аз қазияи ман хабар доранд ва метавонанд зарар расонанд.

Даъвои мухолифон бар сари чист?

Мухолифони “Саша Москва” иддао доранд, ки ӯ бо "рафтори занона"-аш ба обрӯи мардони тоҷик дар дохил ва беруни кишвар латма мезанад. Онҳо “Саша Москва”-ро ба ҳамҷинсгароӣ ҳам муттаҳам мекунанд.

Ин афрод тайи тақрибан як моҳи охир ба “Саша Москва” паёмҳои видеоӣ ва хаттӣ фиристода, таҳдид кардаанд, ки агар рафторашро ҳамингуна идома диҳад, "ӯро мекушанд". Дар воқеъ, дар Ютуб видеоҳое нашр шудаанд, ки дар он корбарони мухталиф аз дигар муштариҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои пайдо кардани ҷойи зисти “Саша Москва” кумак хостаанд. "Саша Москва" ин даъватҳоро таҳдид ба ҷони худ медонад ва мегӯяд, аз амнияташ ҳарос дорад.

Яке аз ин афрод, ки дар шабакаи Ютуб ва Инстаграм бо тахаллуси “Шайх” маъруф аст, дар наворе гуфтааст, барои пайдо кардани маҳалли зисти “Саша Москва” подош хоҳад дод. "Иншоаллоҳ, то ту мерасем, Саша. Касе ҷои ӯро меёбад, мукофот медиҳем, сум медиҳем”, - гуфтааст ӯ дар навор ба забони тоҷикӣ.

"Дар Маскав тоҷикҳо зиёданд, эҳсоси хатар мекунам"

“Саша Москва” рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло метарсад, ки дар кӯчаҳои бузурги Маскав бигардад. "Ман наметавонам 24 соат дар хона шинам. Бояд ба донишгоҳ равам. Вале ҳамеша эҳсоси хатар мекунам. Дар Маскав тоҷикҳо хеле зиёданд. Онҳо ҳатман аз қазияи ман хабар доранд ва метавонанд зарар расонанд. Ман ҳатто ба Тоҷикистон рафта наметавонам, чун дар онҷо ҳам дандон тез кардаанд", - афзуд ӯ.

“Саша Москва” мегӯяд, ӯ дастикам ду сол боз дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Ютуб фаъол аст ва таҳдидҳо тайи як моҳи охир бештар шудааст. Вай гуфт, "бисёриҳо ба ман нома менависанд, ҳақорат мекунанд, таҳдид мекунанд. Баъзеи онҳо номи духтарона доранд ва асосан телефону нишонии маро мепурсанд. Аммо ман ба ҳамаи онҳо, ҳатто номҳои духтарона шубҳа дорам."

"Ман танҳо нақш мебозам"

"Саша Москва" мегӯяд, ҳарчанд дар хурдӣ нияти ҳунарпеша шуданро дошт, ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Русия дарси ҳуқуқ мехонад. Ӯ гуфт, "аз рӯи ҳавасе, ки дорам, нақш меофарам ва видеоро дар интернет мегузорам. Бубинед, дар баъзе барномаҳои ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон мардон бо либоси занона нақш бозӣ мекунанд. Ҳеч гап нашудааст."

Дар оғози ҳафтаи равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он видеоблоггери тоҷики муқими Маскав сабт шудааст. Ҷавони тоҷике дар ҳузури маъмури пулис ба рӯи “Саша Москва” чанд шаппотӣ зада ва ӯро ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мекунад. Дар ин навор дида мешавад, ки “Саша Москва” ба яке аз маъмурони пулис муроҷиат карда ва аз ӯ кумак мехоҳад, вале дида мешавад, ки полис ин ҳодисаро нодида мегирад.

"Саша Москва" шикоят накардааст

“Саша Москва” дар робита ба ин ҳодиса, ки ба гуфтааш аввали ҳафтаи ҷорӣ рух дод, дигар ба ҷое шикоят накард. Мегӯяд, метарсад, ки ин қазия ранги дигар мегирад ва зидди худаш истифода хоҳад шуд. Полис ваъда додааст, ки агар ин ҷавон шикояти расмӣ нависад, дар давоми даҳ рӯз ба он расидагӣ хоҳад шуд.

Дар фазои интиқоду таҳдидҳои зиёде, ки ба номи "Саша Москва" ирсол мешавад, бархе ҳам ба ҳимояи ӯ садо баланд кардаанд. Аксари ин ҳомиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки ин ҷавон ҳаққи ифодаи назар ва ҳунари худро дорад ва ҳеҷ кас наметавонад ӯро барои ҳунарнамоиаш муҷозот кунад.

Яке аз онҳо дар Ютуб гуфтааст, онҳо дар Маскав қарор доранд ва дар онҷо фарҳангҳои мухталиф аст.

Видео дар инҷост:

Ҷомеаи Тоҷикистон суннатист аст ва ҳамагуна рафтори ғайримаъмулӣ мояи хашму мухолифати муҳофизакорон мешавад. Илова ба ин, дар ҷомеаи Русия мақомот ва матбуот дар бораи афроди ҳамҷинсгаро ё узви ақаллиятҳои ҷинсӣ назари интиқодӣ пахш мекунанд.

Дар Русия ва дар Тоҷикистон ҳам дар гузашта ҳолатҳои “муҷозоти” худсаронаи мардони ҳамҷинсгаро ва занони танфурӯш мушоҳида шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунҳои ин кишварҳо чунин амалҳоро ҷиноят арзёбӣ мекунанд.

Ду моҳи пеш ҷомеаи Тоҷикистон ба намоишгоҳи аксҳои нақоши ҷавони тоҷик Маърифат Давлатова ҳам вокуниши тунд кард. Дар ин намоишгоҳ аксҳои ҷисми урён ва нимаурёни занони тоҷик намоиш дода шуд. Бархе гуфтанд, ки чунин тасвирҳо барои ҷомеаи тоҷик бегона аст ва дар ин миён онҳое ҳам ёфт шуданд, ки бо ҷазо додан ба Махрифат Давлатова таҳдид карданд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон