ФАВРӢ! ҲАЛОКАТИ 6 УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ ФАЙЗОБОД ДАР ЯК САДАМА ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

ФАВРӢ! ҲАЛОКАТИ 6 УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ ФАЙЗОБОД ДАР ЯК САДАМА ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Дар акс: Садбарг Шарипова ва маҳалли садамаи марговар дар Краснодар

Соати тақрибан шаши субҳи 6 декабр бар асари бархӯрди як мошини ВАЗ-2114 бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» дар назди деҳаи Некрасовская дар ноҳияи Уст-Лабински кишвари Краснодари Русия 6 нафар, аз ҷумла Садбарг Шариповаи 68-сола бо се наберааш ба ҳалокат расида, 4 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамаи ҳалокшудаҳо узви як оилаи муҳоҷирони тоҷик аз ноҳияи Файзобод буданд, ки субҳ ба меҳмонӣ мерафтанд.

Субҳи 6 ноябр дар кишвари Краснодари Русия як садамаи марговар рух дод, ки бар асари он 6 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Муҳиддин Вишгирдӣ, ки дар ин садама хешовандонашро аз даст додааст, ба сомонаи «Ахбор» гуфт, ин хабар ҳамаи наздикони онҳоро дар ноҳияи Файзобод дар ғаму мотам афканд.

Ба гуфтаи Муҳиддин Вишгирдӣ, аммаи ӯ Садбарг Шарипова, соли таваллудаш 1950, зода ва сокини деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод як моҳ пеш ба хонаи духтараш, ки дар кишвари Краснодар зиндагӣ мекунад, ба меҳмонӣ рафта буд.

Субҳи 6 декабр Садбарг Шарипова ҳамроҳи аҳли хонаводаи духтараш мехоҳад, ки ба хонаи писараш Шоҳин, ки низ дар Краснодар кору зиндагӣ мекунад, ба меҳмонӣ биравад.

Онҳо 7 нафар субҳи барвақт савори мошини ВАЗ-2114 шуда, ба роҳ баромадаанд. Соати қариб шаши субҳ дар километри 9-уми роҳи Уст-Лабинск – Упорная мошини онҳо ба як мошини «Ёрии таъҷилӣ» бархӯрд. Пулиси Краснодар мегӯяд, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ронандаи ВАЗ аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавонист ва ба самти муқобили роҳ баромада, ба «Ёрии таъҷилӣ» бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама Садбарг Шарипова ва се наберааш – Дорои 18-сола ва ду кӯдаки 8 ва 10-сола ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар ин садама Маҳинаи 22-сола, хоҳаршӯи духтари Садбарг Шарипова ва як марди дигари 22-сола низ ҷон додаанд.

Як набераи дигари Садбарг Шарипова – писарбачаи 11-соларо бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол додаанд. Се корманди «Ёрии таъҷилӣ» низ ҷароҳат бардоштаанд.

Пулиси Краснодар мегӯяд, мошини ВАЗ-ро Доро ронандагӣ мекард, ки ҳарчанд мошин ба номи ӯ буд, вале ҳуҷҷати ронандагӣ надошт.

Муҳиддин Вишгирдӣ мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки ронанда Доро буд ё он марди 22-сола, ки шахсияташ ҳанӯз муайян карда нашудааст.

Муҳиддин Вишгирдӣ бо изҳори андуҳ мегӯяд, ки хабари ҳалокати 6 хешовандашон дар мулки ғурбат ҳамаро дар Файзобод ғарқи мотам кардааст: «Ҳамин дина шаб бо аммаи Садбаргам суҳбат карда будам телефонӣ. Хеле ҳарфҳои гарм зад ва дар охир дуоям дод. Имрӯз бошад, хабари маргаш омад...»

Идораи сомонаи "Ахбор” ба ҳамаи наздикони ин муҳоҷирони тоҷики ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад. Хонаи охирати ҳамаашон равшану обод бод, ки дар мулки мусофират дар талаби ризқу рӯзӣ шаҳид шуданд...

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон