САРАШРО БУРИДУ ДАР ПЕЧКА АНДОХТ... КУШТОРИ ВАҲШАТОВАРИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Дар деҳаи Бахтияровкаи вилояти Волгогради Русия куштори ваҳшатангезе рух додааст. Як чӯпони 36-сола рӯзи 4 декабр ҳамкори 51-солааш аз Тоҷикистонро бо корд кушта, сипас сари ӯро аз тан ҷудо карда ва дар бухорӣ (печка) андохтааст, то бисӯзонад. Ӯ дар шарҳи ин амали ваҳшиёнаашро гуфтааст, ки ҷасад чашмашро аз ӯ намеканд ва ин ба асабҳояш расид. Нашрияи "КП” менависад, ин чӯпони зодаи Ӯзбекистон дар симои чӯпони тоҷик рақибро медид ва метарсид, ки мабодо ҷои корашро аз дасти ӯ бигирад.

Як чӯпони 36-сола, ки дар фермаи чорвои як фермери маҳаллӣ дар деҳаи Бахтияровкаи ноҳияиСреднеахтубинскийи вилояти Волгоград кор мекард, бо иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи ҳамкораш дастгир шудааст.

Нашри маҳаллии рӯзномаи "КП”менависад: "Дар миёнаҳои моҳи ноябр як муҳоҷири 51-соларо, ки аз Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Волгоград омада буд, ҳамчун ёрдамчии чӯпон ба кор мегиранд. Чӯпони тоҷик ба ҳамкораш аз аввал нафорид. Ӯ фикр кард, ки вай ҷои кори ӯро аз дасташ мегирад. Муноқишаҳои байни онҳо рӯзи 4 декабр билохира ба як ҷанҷоли бузург печид. Чӯпон кордро гирифта, "рақиб”-ашро кордборон кард. Вақте ӯ ҷон дод, қотил сари ӯро аз танаш ҷудо кард ва дар бухории оғили гов сӯзонда, ҷасадро дар зери ғарами коҳ пинҳон кард.”

Чӯпони қотил тоқат накарда, ин ҳодисаро ба корманди хукхонаи ҳамсоя нақл кардааст. Вай билофосила ба фермери соҳиби фермаи чорво ва фермер ба пулис хабар додааст.

"КП" чӯпони боздоштшударо сокини Волгоград меномад, вале нашрияи маҳаллии

«НовостиВолгограда.Ру»хабар дод, ки ӯ зодаи Ӯзбекистон аст.

Бино ба гузориши ин нашрия, ду чӯпон дар деҳаи Бахтияровка ҳанӯз вақти кор ба муноқиша сар карда, сипас барои идомаи ҷанҷол ба даруни оғили гов даромадаанд.

Евгений Вистропов, сардори шуъбаи тафтишоти ноҳияи Среднеахтубинский ба «НовостиВолгограда.ру» гуфт: «Баъди таҳқиру дашноми ҳамдигар шаҳрванди 36-солаи Ӯзбекистон муҳоҷири 51-сола аз Тоҷикистонро чанд зарбаи корд задааст. Сипас гумонбар кӯшиш кардааст, ки изи ҷинояташро пинҳон кунад. Ӯ сари мақтулро бурида, дар бухорӣ андозтааст ва ҷасадро ба пушти оғил бурда, дар зери ғарами коҳ пинҳон кардааст.»

«НовостиВолгограда.Ру» менависад, ки қотил то бегоҳ ба бухорӣ ҳезум меандохту оташ медод, ки каллаи муҳоҷири тоҷик пурра бисӯзад. Наздикии бегоҳ ӯ тоқат накарда, ба як ҳамкори дигараш дар бораи ин куштор хабар медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки ин сирро пинҳон нигоҳ бидорад. Аммо он ҳамкораш зуд ба соҳиби ферма хабар медиҳад ва соҳиби ферма пулисро аз ин қазия дар ҷараён мегузорад.

Бегоҳи 4 декабр гуруҳи фавриву тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса омада, чӯпонро дастгир мекунад.

Евгений Вистропов мегӯяд: «Дар бобати вазъи равонии қотил бархе шубҳаҳо вуҷуд доранд, чунки ӯ дар шарҳи амали ваҳшиёна дар бухорӣ сӯзондани каллаи мақтул гуфт, ки мурда ҳеҷ чашмашро аз вай кандан намехост ва ин ба асабҳояш расид.»

Ба зидди чӯпони қотил бо иттиҳоми куштори барқасдона парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон