ЗАНОЗАНИИ ХУНИНИ ТОҶИКҲОВУ ДОҒИСТОНИҲО ДАР МАСКАВ

Як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро субҳи 6 ноябр дар фурудгоҳи "Домодедов” қабл аз парвоз ба Ватан дастгир кардаанд. Ин ҷавони тоҷик ба куштани як таксирони доғистонӣ айбдор мешавад. Ин доғистонии 31-сола рӯзи 5 ноябр дар ҷараёни занозании гуруҳӣ байни таксиронҳо аз Доғистон ва Осиёи Марказӣ дар назди истгоҳи метрои "Аннино” бо тири пистолети травматикӣ кушта шуд. Истгоҳи "Аннино” ҳамеша сабаби рақобат байни ронандагони таксиҳост, чунки шумори зиёди муҳоҷирон аз ҳаминҷо барои таҳияи патенту асноди дигарашон ба Маркази муҳоҷирони Сахарово мераванд.

Пулиси шаҳри Маскав хабар дод, ки гумонбари асосӣ дар қатли таксирони 31-сола аз ҷумҳурии Доғистонро дастгир кардааст. Ин ҷавони доғистонӣ рӯзи 5 ноябр дар назди истгоҳи метрои "Аннино” дар ҷараёни занозании байни ронандагон аз ин минтақаи Қафқози шимолӣ ва зодагони Осиёи Марказӣ аз тири пистолети травматикӣ кушта шуд.

Бино ба гузориши нашрияи русии "МК”, гумонбари асосӣ шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон буда, ӯро субҳи 6 ноябр дар фурудгоҳи "Домодедово” вақте дастгир кардаанд, ки чиптаи парвоз ба Тоҷикистон дар дасташ мехост аз Русия фирор кунад.

Ин бори аввал нест, ки байни ронандагон дар назди истгоҳи метрои "Аннино” баҳсу занозаниҳо сурат мегиранд. Ин нуқта барои таксиронҳо як нуқтаи равғанин ва пурфоида дониста мешавад, чунки аз "Аннино” то Маркази ягонаи муҳоҷирон дар шаҳраки Сахаровои вилояти Маскав – ягона макони таҳияи патент ва дигар асноди лозим барои фаъолияти кории муҳоҷирон дар шаҳру вилояти Маскав - ҳамагӣ 50 километр роҳ аст ва муҳоҷироне, ки тоза ба Маскав меоянд, барои дуруст кардани санадҳояшон маҳз аз назди истгоҳи метрои "Аннино” чанднафарӣ як такси гирифта, ба Сахарово мераванд.

Ба ин далел таксиронҳо аз кишварҳо ва минтақаҳои гуногун пайваста барои тақвияти ҷои пои худу ҳамшаҳриҳои худ дар ин нуқтаи равғанин аз гиребони якдигар мегиранд.

Бино ба гузориши "МК”, рӯзи 5 ноябр низ таксиронҳо аз Доғистон ва Осиёи Марказӣ дар назди истгоҳи "Аннинон” барои ҷо ҷанг шудаанд: "Сабаби баҳс ихтилофи назари байни ронандагон шуд: Онҳо ҷоеро, ки барои гирифтани муштариён бояд биистанд, байни худ тақсим карда натавонистанд.Ҳар кадом аз тарафҳои даргир бар ин буд, ки ин порчаи замини назди истгоҳи метро ба ҳамшаҳриҳои ӯ тааллуқ дорад.”

Дар занозанӣ дар "Аннино” ҳудуди 10 нафар иштирок кардаанд. Дар авҷи баҳс кадоме аз ронандагон пистолети травматикиро берун кашида, ба тирпарронӣ сар кардааст. Дар натиҷа ронандаи 31-сола аз Доғистон аз по афтода, то омадани мошини "Ёрии таъҷилӣ” дар ҳамон ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Моҳи августи соли 2018 чунин як занозанӣ байни муҳоҷирони таксирон дар назди истгоҳи метрои «Добрынинская»-и шаҳри Маскав рух дода буд. Он вақт видеои он занозаниро сабт карда, дар Интернет гузошта буданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон