БАХТИНОЙРО МОДАРАШ БО НАРХИ 45 ҲАЗОР РУБЛ ФУРӮХТ (ВИДЕО)

Модари Бахтиной духтарашро ба Русия оварда, ба як шаҳрванди Ӯзбекистон 45 ҳазор рубл фурӯхт. Бахтиной Маҳмудоваи 23-соларо чанд рӯз пеш бо сару рӯи пур аз вараму осори зарбу лат ва ду кӯдаки хурдсол дар даст муҳоҷирони тоҷик дар кӯча пайдо карданд. Ӯ мехост, аз баҳри фарзандонаш гузашта, онҳоро ба ягон ятимхона супорад. Шаби 3 ба 4 ноябр бо кумаки консулгарии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои тоҷикони Маскав Бахтинойро бо фарзандонаш тавассути ҳавопаймои Маскав- Душанбе ба зодгоҳаш – шаҳри Конибодом фиристоданд.

Бахтиной Маҳмудова, санаи таваллудаш 1 феврали соли 1995, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аз ҷумлаи занонест, ки қурбонии харидуфурӯши инсон шуда, дар мулки мусофират азоби зиёде кашидааст.

Ӯро кадом одами бегона не, балки модараш ба Маскав оварда, ба як шаҳрванди Ӯзбекистон дар ивази 45 ҳазор рубл фурӯхтааст. Бахтиной мегӯяд, бо ду кӯдаки хурдсоли яке 3-солаву дуюмӣ ҳамагӣ 6-моҳа дар дасти ин ба ном "шавҳар” азоби гӯрро кашидааст.

Бахтиной қаблан дар истгоҳи метрои "Теплый стан”-и шаҳри Маскав симкорт мефурӯхт ва дар минтақаи Ясеново дар як манзили иҷора зиндагӣ мекард.

Ӯро чанд рӯз пеш бо сару рӯи пур аз варам ва осори зарбу лат ва ду кӯдаки хурдсоли гирён дар даст муҳоҷирони тоҷик дар кӯча пайдо карданд ва дар борааш ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон хабар доданд.

Бахтиной Маҳмудова ба ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон гуфтааст, ки аз ӯҳдаи тарбияи кӯдаконаш намебарояд ва мехоҳад онҳоро ба ягон ятимхона бидиҳад. Ӯ хоҳиш кардааст, ки барои таҳияи асноди лозим барои аз баҳри фарзандон гузаштанаш кумак расонанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҷиҳати кумак дар ҳалли ин қазия ба консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав муроҷиат кардаанд.

Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар ин қазия зуд дастбакор шуд ва хешу табори Бахтинойро дар зодгоҳаш – Конибодом пайдо карданд. Ҳарчанд бобояш дар Конибодом мегуфт, ки шароити нигоҳубини наберааш ва абераҳояшро надорад, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва намояндагони консулгарӣ ба чунин қарор омаданд, ки дар ҳар сурат, ба Ватан фиристодани Бахтиной ва фарзандонаш назар ба ҳар роҳиҳалли дигар беҳтар аст.

Бино ба омори расмӣ, дар 10 соли охир беш аз 700 зану духтари тоҷик қурбони қочоқи инсон ва харидуфурӯши одамон шудаанд. Аммо ин омор бештар онҳоро дар бар мегирад, ки ба кишварҳои арабӣ, Туркия, Эрон бештар бо ҳадафи истисмори ҷинсӣ қочоқ карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, даҳҳо зану духтари тоҷик дар Русия низ қурбони қочоқ ва харидуфурӯши инсон мешаванд. Мисли Бахтиной, ки билохира аз чанги чунин ғуломӣ раҳид ва ба Ватан баргардонда шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон