ВИДЕОИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ

Дар шабакаи "ВКонтакте” нахустин видео аз маҳалли садамаи пурқурбонии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Чехови вилояти Маскав нашр шуд. Субҳи 2 ноябр бар асари бархӯрди мошини ВАЗ 2114 бо як мошини боркаши тамғаи Митсубиси дар Чехова се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Дар видео дида мешавад, ки бархӯрди сахт мошини ВАЗ-ро, ки дар он муҳоҷирони тоҷик сафар мекарданд, комилан пачақ кардааст ва ҷасадҳои ду ҷавонмарди тоҷик дар паҳлуи ин мошин, дар як гӯша рӯи замин мисли бесоҳиб партофта шудаанд...

Видео аз маҳалли садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Чеховро як корбари "ВКонтакте” бо номи Sergey Starostin нашр кардааст. Дар видео оқибатҳои ин садамаи мудҳиш дида мешавад. Мошини боркаши "Митсубиси” бар асари бархӯрди сахт бо ВАЗ 2114-и муҳоҷирони тоҷик дар канори роҳ чапа шуда, вале худи ВАЗ комилан пачақ шудааст.

Дар канори мошини пачақшуда дар рӯи замин ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дида мешавад, ки мисли бесоҳиб дар як гӯша партофта шудаанд.

Наворбардор баъди намоиши маҳалли садама дидаҳояшро бо як ҷумлаи кӯтоҳ хулоса мекунад: "Ничего хорошего, бл...”

Садамаи марговар субҳи 2 ноябр, соати 8.10 дар километри 24-уми роҳи Чехов-Крестыдар гардиши деҳаи Алексеевка рух додааст.

Ба гуфтаи пулиси Чехов, ронандаи мошини ВАЗ2114 бо се мусофир аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва бо мошини боркаши тамғаи Mitsubishi Fuso бархӯрдааст.

«Зарба чунон сахт буд, ки мошини ВАЗ комилан пачақ шудааст. Мошини боркаш низ ба канори роҳ чаппа шуд,» - хабар медиҳад нашрияи маҳаллии Чехов-Вид.Ру.

Дар натиҷаи садама ду нафар аз мошини сабукрави ВАЗ, ки ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигарро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурдаанд. Яке аз захмиён дар бемористон ҷон додааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳи Домодедово бармегаштанд.

То кунун исми ду нафаре, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, муайян карда шудааст:

1. Самиров Саидбурҳон Муҳаббатович, санаи таваллудаш 01.10.1975, зодаи ноҳияи Панҷ.

2. Саидов Иброҳим Ғайбуллоевич. санаи таваллудаш 09.05.1998, сокини шаҳри Ваҳдат.

Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Маскав ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки кормандони консулгарии Тоҷикистон ва Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Онҳо бояд асноди лозим барои ҳарчӣ зудтар ба Ватан фиристодани ҷасадҳои муҳоҷирони ҳалокшударо омода кунанд.

Дар Русия беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла дар садамаҳои нақлиётӣ, ҷон медиҳанд. Ба ҳисоби миёна, муҳоҷират дар Русия ҳар рӯз ҷони дастикам се муҳоҷири тоҷикро мегирад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон