“ЧОЙХОНА” - НАХУСТИН ТАРАБХОНАИ ТОҶИКӢ ДАР НЕБРАСКА (ВИДЕО)

Рӯзи 2 ноябр дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи Амрико нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи "Chaikhana – Bar&Shishkabobs” ифтитоҳ шуд. Молики ин тарабхона Равшан Субҳонов, як соҳибкори тоҷики муқими Амрико мебошад. Ӯ мегӯяд, "Чойхона”-ро махсус бо кандакории тоҷикӣ ва болишту кӯрпача ороиш додаанд, то ки ҳамватанҳои мо дар Амрико дар ин тарабхона худро ҳамчун дар Ватан эҳсос кунанд.

"Chaikhana – Bar&Shishkabobs” – чунин ном дорад нахустин тарабхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи Амрико, ки маросими ифтитоҳаш рӯзи 2 ноябр доир шуд. Ин тарабхонаи тоҷикиро соҳибкори тоҷики муқими Амрико Равшан Субҳонов таъсис додааст.

Чойхона бо сабки меъмории тоҷикӣ ороиш дода шуда, барои муштариён дар толораш мизу курсиҳои бо сабки кандакории тоҷикӣ ороишёфта бо болишту кӯрпача низ гузоштаанд ва ғизо низ дар табақу тақсимчаҳои бо сабки тоҷикӣ ороишёфта пешниҳод карда мешаванд.

Равшан Субҳонов, молики "Чойхона” дар мусоҳиба бо хабарнигори тоҷик Искандари Хоҷамирзода, ки иттифоқан дар Небраска қарор дошт, гуфт, онҳо тамоми шароитро муҳайё сохтанд, то тоҷикистониҳои муқими Амрико, вақте ба инҷо сар мезананд, худро дар Ватан эҳсос кунанд.

"Chaikhana – Bar&Shishkabobs” нахустин тарабхонаи тоҷикӣ дар аёлати Небраска аст, вале дар гӯшаҳои дигари Амрико тарабхонаҳои тоҷикӣ алакай вуҷуд доранд.

Моҳи январи соли 2018 муҳоҷирони зодаи Хуҷанд дар минтақаи Манҳеттени шаҳри Ню-Йорк тарабхонаи ғизои шарқиро бо номи "Зайтун” ифтитоҳ карданд. Дар Ню-Йорк боз чанд тарабхонаву қаҳвахонаи дигари тоҷикӣ низ амал мекунад. Муҳоҷирони тоҷикеки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баАмрико кӯчидаанддар ин шаҳр чанд тарабхонаву қаҳвахонаи дигар низ таъсис додаанд, ки"Tandir Express”, қаҳвахонаи "Dushanbe ва "Taste of Samarkand аз ҷумлаи онҳост.

Моҳи июн рӯзномаи мӯътабари амрикоии "The New York Times” бо нашри 8 акс аз қаҳвахонаи "Душанбе” (собиқ "Роҳат”) дар Шипҳед Бей дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк як гузориши вижа нашр кард.

Бино ба омори вазорати амнияти дохилии Амрико, аз соли 2000 ба ин тараф беш аз 5000 аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва тақрибан 60 ҳазор аз Ӯзбекистон грин-кард ё ҳаққи иқомати Амрикоро ба даст овардаанд. Амрико, ки кишвари сохтаи муҳоҷирон шумурда мешавад, ҳар сол ба дастикам 1 миллион нафар ҳаққи иқомати доимӣ медиҳад.

 

Пӯлод Пӯлодов, ректори вақти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои 90 бо донишгоҳҳои аёлати Небраска қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд. Ин қарордод барои даҳҳо донишҷӯи тоҷик роҳи таҳсил дар донишгоҳҳои Небраскаро боз кард. Як бахши ин донишҷӯёни тоҷик баъди анҷоми таҳсил дар Амрико монданд.

Аёлати Небраска тавассути ин донишҷӯён ба як самти умдаи муҳоҷирати сокинони Тоҷикистон ба Амрико табдил ёфт ва ҳоло дар ин аёлат дар ҷануби Иёлоти Муттаҳида садҳо зодаи Тоҷикистон ва ҳамин тавр, муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва давлатҳои арабӣ зиндагӣ мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон