РУСИЯ БО ПЕШНИҲОДИ УБАЙДУЛЛОЕВ 70 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АФВ МЕКУНАД

Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ дар бораи натиҷаҳои сафари раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Маскав хабар дод, ки ҷониби Русия аз чанд пешниҳоди умдаи Убайдуллоев, аз ҷумла аз ташкили "роҳравҳои сабз” барои интиқоли бемамониати меваву сабзавоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия ва афви дастикам 70 ҳазор муҳоҷири тоҷик пуштибонӣ кардааст. Ҷониби Русия ҳамчунин розӣ шудааст, то роҳҳои боз кардани марзҳои он кишвар барои 138 ҳазор шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки дар рӯйхати сиёҳи Русия афтодаанд, биомӯзад.

Дар иттилоияи расмӣ дар бораи натиҷаҳои сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия, ки дар сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии Маҷлиси олии Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар ҷараёни иҷлосияи Ҳамоиши байнипарлумонии "Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ" раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко аз чандин пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев пуштибонӣ кардааст.

Бино ба ин манбаъ, "Валентина Матвиенко ҷавобан ба масъалагузориҳои Раиси Маҷлиси миллӣ афзуд, ки ҷониби Федератсияи Россия бобати бунёди марказҳои муосири логистикӣ, ташкили «роҳравҳои сабз» бо мақсади интиқоли бемамонияти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба ҳудуди Федератсияи Россия ва дар ин зимн ба роҳ мондани амалиётҳои бонкӣ бо асъори миллии кишварҳо омода буда, дар асоси риояи манфиатҳои мутақобилан судманд оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба мушкилоти зикргардидаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон чораҳои амалӣ хоҳад андешид.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар навбати худ бо қаноатмандӣ зикр кардааст, ки дар асоси ташаббуси президентони ду кишвар нисбат ба он шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки ба рӯйхати ашхоси вурудашон ба Федератсияи Россия манъшуда дохил буданд, аз 24 март то 24 апрели соли 2017 маъракаи қонунигардонӣ эълон ваиҷро гардид. "Мутаассифона, бинобар кам будани муҳлат ва аз бе иттилоотӣ 70 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳлати муқарраргардида натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва айни ҳол дар маҷмуъ шумораи онҳо беш аз 208 ҳазорро ташкил додааст,” – гуфтааст Убайдуллоев.

Дар иттилоияи Маҷлиси миллӣ гуфта мешавад, ки дар робита ба ин масъала "тибқи дархосту пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба бознигарии масъалаи мазкур, дар навбати аввал барои 70 ҳазор муҳоҷирони зикршуда бо дастгирии бевоситаи Валентина Матвиенко мақоми салоҳиятдори Федератсияи Россия оиди ҳалли мусбии он ризоият доданд. Ҷиҳати дарёфти ҳалли мусбии қазияи 138 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии мамнӯъ ба Кумитаҳои зидахли Шӯрои Федератсия оид ба мудофиаву амният ва корҳои байналхалқӣ дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои дохилию хадамоти муҳоҷират дастури роҳбарияти олии кишвари қабулкунанда ироа гардид, ки татбиқи минбаъдаи ин раванд зери назорати Шӯрои Федератсия қарор гирифта, ин нукта дар Ҳуҷҷати хотимавии Форум дарҷ карда шуд.

Дар Ҳамоиши байнипарлумонии "Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ", ки рӯзи 25 октябр дар Маскав доир шуд, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ аз мақомоти Русия даъват кард, то тавассути як афви муҳоҷирон будубоши тамоми муҳоҷирони кории тоҷикро дар ин кишвар қонунӣ кунанд. Дипломати тоҷик изҳори боварӣ кард, ки чунин афв имкон медиҳад, шумораи бузурги муҳоҷирон аз Тоҷикистон будубоши худро дар Русия қонунӣ гардонанд.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, бархе аз ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон алакай солҳои зиёде дар Русия зиндагӣ доранд: "Мо ҳамеша аз Русия дархост мекунем, ки ба ин мардум имкони дар як муҳлати муайян қонунӣ кардани будубошашон дода шавад. То ки онҳо бе ягон тарси депортатсия биоянд. Агар ин раванди афви муҳоҷирон ба роҳ андохта шавад, ба фикри ман, шумораи бузурги шаҳрвандони мо, бахусус дар шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ҳаққи қонунии будубош ба даст меоранд. Он вақт мо шумораи дақиқи муҳоҷирони кориамон дар қаламрави Русияро хоҳем донист.”

Ҷониби Тоҷикистон аз соли 2014 талош дорад, Русияро ба имзои як созишномаи фарогире дар масъалаи муҳоҷират моил кунад. Ин созишнома заминаи қонунии ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва таъмини нафақаи онҳоро бояд ба вуҷуд биорад.

Даъвати дипломатҳои тоҷик ба афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки вазорати корҳои дохилии Русия моҳҳои март-апрели соли 2017 як маъракаи якмоҳаи афви сифр муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро ба роҳ андохта буд. Он афви истисноӣ бар асоси тавофуқе буд, ки дар ҷараёни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2017 ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд.

Баъди он маърака мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки аз ин имкони афв тақрибан 104 ҳазор муҳоҷири тоҷик истифода бурда, будубоши худро дар Русия қонунӣ карданд.

Аммо боз ҳам 208 ҳазор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия боқӣ монда, ҳаққи убури марзҳои он кишварро надоранд. Барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, мисли Тоҷикистон, вуҷуди номи ҳар шаҳрвандаш дар рӯйхати сиёҳи Русия ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст. Манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик пулест, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд.

Соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ беш аз 2,5 миллиард доллар пул ирсол шуда буд. Ҳар сол, бино ба ҳисобҳо, беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Муҳоҷирони тоҷик тақрибан 11 дарсад аз артиши 10-миллионнафарии муҳоҷирон дар Русияро ташкил медиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон