АКСИ ҚОТИЛЕ КИ ФАРРУХ ОБЛОҚУЛОВРО ДАР ИСТАНБУЛ КУШТ ( 2 ВИДЕО)

Дар матбуот акси ҷавонеро нашр кардаанд, ки рӯзи шанбе дар маҳаллаи Оқсаройи шаҳри Истанбули Туркия шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Облоқуловро бо тири туфангча кушт. Бовар меравад, ки қотил низ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ӯ дар тан курткаи кӯтоҳи рангаш кабуди баланд ва шими ҷинси рангаш кабуди паст дошта, мӯйсари баланди рангаш сиёҳ дошта, зоҳиран ҳудуди 20-сола аст. Сабаби муноқишаи хунини байни онҳо маълум нест. Лаҳзаи занозаниро камераҳои назоратӣ сабт кардаанд ва пулиси Истанбул ба таъқиби қотил шурӯъ кардааст.

Дар акс ва дар сабти видеокамераҳои назоратӣ қотил дар ҳоли фирор ва туфангчааш ҳанӯз дар даст дида мешавад. Ӯ дар тан курткаи кӯтоҳи рангаш кабуди баланд ва шими ҷинси рангаш кабуди паст дошта, мӯйсари баланди рангаш сиёҳ дошта, зоҳиран ҳудуди 20-сола аст. Пулиси Истанбул гуфтааст, қотил низ шаҳрванди Тоҷикистон аст, вале сабаби муноқиша ва куштани ҳамватанаш Фаррух Облоқулов ҳанӯз рӯшан нест.

Рӯзи 26 октябр, соати тақрибан 14:30 дар кӯчаи Месиҳпошо дар маҳаллаи Оқсарой се зодаи Тоҷикистон ба далели ҳанӯз номаълум бо якдигар муноқиша кардаанд. Муноқишаи онҳо хеле зуд ба занозанӣ ва дар ниҳоят ба тирпарронӣ печид.

Дар сабти видеокамераҳои назоратӣ дида мешавад, ки яке аз ин ҷавонони даргир аз ҷайбаш туфангчаро холӣ карда, ба тарафи якеи дигар тир холӣ мекунад. Ин ҷавони дуюм аз қафаси синааш тир хӯрда, ба замин меафтад ва ба дасту поча задан шурӯъ мекунад.

Ҳамлагарон баъди чунин натиҷаи корашон аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Дар дурбини камера чеҳраи яке аз онҳо дар ҳолати фирор хуб дида мешавад, ки як ҷавони тақрибан 20-сола бо мӯи сари баланди рангаш сиёҳ аст ва бо шитоб аз ҷои ҳодиса мегурезад.

Нафаре, ки тир хӯрд, шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Облоқулов ном доштааст. Ӯро бо ҷароҳати вазнин ба бемористони ёрии таъҷилии Ҳасекӣ бурдаанд, вале табибон Облоқуловро наҷот дода натавонистанд. Облоқулов дар бемористон вафот кардааст.

 

Дар бораи шахсияти Фаррух Облоқулов маълумоти зиёде ҳанӯз дастрас нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки ӯ дар Истанбул чӣ кор мекард?

 

Пулиси Истанбул ба таҳқиқи қазия ва таъқиби ҳамлагарон шурӯъ кардааст. Дар дасти пулис аксҳои ҳамлагарон ҳаст, чунки онҳо, аз ҷумла нафаре ки тирпарронӣ кард, дар дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон