ПАДАРУ МОДАРИ ЧАШМБАРОҲ ХУРШЕД ИКРОМОВРО ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Рӯзи 30 октябр Хуршед Икромов 30-сола мешавад. Аммо наздикони Хуршед ин ҷашни ӯро бо шукӯҳи шаҳомат ва бо ҳузури худи соҳибҷашн наметавонанд таҷлил кунанд. Ин сокини шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 ба шаҳри Маскави Русия барои муҳоҷирати корӣ рафт ва баъди 20 рӯзи рафтанаш як дафъа ба пайвандонаш дар Тоҷикистон занг зад. Дигар ду сол боз наздиконаш ягон дараке аз Хуршед надоранд.

Икромов Хуршед Сиронович, санаи таваллудаш 30 октябри соли 1988, сокини хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе, моҳи октябри соли 2016 бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия ба шаҳри Маскав рафт. Баъди 20 рӯзи рафтанаш Хуршед Икромов бори охирин бо пайвандонаш дар Тоҷикистон тамос гирифта ва гуфтааст, ки сиҳату саломат расид.

Наздиконаш дигар аз куҷо шудани Хуршед Икромов дараке надоранд. Танҳо як хабари тасдиқношудае, ки пайдо кардаанд, ин аст, ки ӯ шояд аз Маскав ба Сочи рафта бошад. Дигар ҳеҷ!

Падару модари солманд ва ду сол боз чашмбароҳи Хуршед дар Душанбе мунтазиранд, ки ҷигарбандашон ягон рӯз ҳатман аз дар хоҳад даромад.

Аз ҳамаи ҳамватаноне, ки маълумоте дар бораи куҷо будани Икромов Хуршед Сиронович доранд, хоҳиш мекунем, ки ба суроғаи зерин ба падару модараш, ки дар фироқи фарзанд месӯзанд, хабар бидиҳанд:

Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 33, манзили рақами 95

Телефонҳо барои тамос:

+992 88-28-82-884

 +992 909447001

WhatsApp Viber Imo:

+ 4915901926059

Email:

jamshed.ikromov@bk.ru 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон