БАЧАҲОИ ТОҶИК ИЛҲОМҶОНРО БА ВАТАН ФИРИСТОДАНД (ВИДЕО)

Видеоканали "Голос мигранта” хабар дод, ки Илҳомҷон Абдурасулов, сокини 30-солаи шаҳри Кӯлобро, ки дар Русия ҳам санадҳояш ва ҳам хотираашро гум карда буд, шаби 24 ба 25 октябр бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб аз фурудгоҳи Домодедово ба Ватан фиристодаанд. Илҳомҷон алакай дар Кӯлоб дар пеши модараш аст, - гуфт намояндаи "Голос мигранта” ба сомонаи "Ахбор.”

Видеоканали "Голос мигранта”,  ки бо беш аз 100 ҳазор пайраваш яке аз пуртарафдорони каналҳои махсуси ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад, рӯзи 25 октябр дар Ютуб видеои муфассалеро дар бораи поёни саргардониҳои Илҳомҷон Абдурасулов нашр кард.

Намояндаи "Голос мигранта” ба сомонаи "Ахбор” гуфт, бо кумаки ҳамватанон барои Илҳомҷон Абдурасулов чиптаи парвоз харидаанд ва ӯро шаби 24 ба 25 октябр тавассути ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ба Ватан фиристодаанд: "Имрӯз аз Кӯлоб занг заданд ва гуфтанд, ки Илҳомҷон алакай дар хонааш дар паҳлуи модараш аст. Шукр, ки саргардонии як бародари ҳамватани мо бо кумаки ҳамватанҳои дигар ба поён расид ва ӯ пеши хонаводааш баргашт.”

Хабари кӯтоҳи сомонаи "Ахбор” аз 15 октябр дар бораи дар шаҳри Маскав ёфт шудани як муҳоҷири тоҷик, ки хотирааш ва санадҳояшро гум кардааст ва дуруст намедонад, ки кисту аз куҷост?, мавҷи вокунишҳои гарми ҳамватанонро ба бор овард. Ин ҷавонмардро як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик аз Қумсангир дар минтақаи Куряновои шаҳри Маскав пайдо ва дар як ошхонаи бачаҳои тоҷик дар наздик истгоҳи метрои "Печатники” ҷо карда буданд. Онҳо бо дархости кумак барои муайян кардани шахсияти ин ҷавон, ки фақат номашро медонист, ки Илҳом аст, ваъда доданд, ки санадҳояшро барқарор карда, ӯро ба Ватан мефиристанд.

Даҳҳо нафар ин хабар бо дархости муайян кардани шахсияти ин муҳоҷири тоҷики дар мулки мусофирӣ сарсонро бознашр карданд ва даҳҳо нафар ба сомонаи "Ахбор” занг заданд. Алакай рӯзе баъд бо кумаки ҳамватанон маълум шуд, ки ин ҷавонмарди мариз Илҳомҷон Аскарович Абдурасулов, санаи таваллудаш 26 июни соли 1988, сокини кӯчаи ба номи Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб мебошад ва бо вуҷуди маризӣ дар талаби ризқу рӯзӣ ба Русия рафтааст.

Баъди мушаххас шудани шахсияташ барои Илҳомҷон аз консулгарии Тоҷикистон дар Маскав санади муваққати бозгашт ба Ватан гирифта, бо пули ҷамъовардаи муҳоҷирони тоҷик барояш ба ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб чипта хариданд.

ИН ВИДЕОРО ХОНАНДАГОНИ "АХБОР” ФИРИСТОДАНД.

ШУМО ҲАМ АГАР ШОҲИДИ ҲОДИСАЕ ШУДЕД, АКСУ ВИДЕО БИГИРЕД ВА БА СОМОНАИ "АХБОР” БИФИРИСТЕД.

РАҚАМИ МО ДАР IMO, VIBER, WHATSAP, TELEGRAM, SIGNAL

+420777 40 48 54

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон