МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАРОИ СИГОР ПАРРОНДАНД

Шаби 22 октябр, соати тахминан 00:10 дар назди истгоҳи метрои "Площадь Мужества” дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт-Петербурги Русия се нафари ношинос ба як ҷавони 24-солаи тоҷик наздик шуда, аввал аз ӯ сигор пурсидаанд ва сипас аз по афтонда, латукӯбаш кардаанд. Қабл аз фирор ҳамлагарон ба тарафи шаҳрванди Тоҷикистон аз туфангчаи травматикӣ чанд тир холӣ кардаанд. Ҷавони тоҷик аз қафаси синааш тир хӯрда, ҳоло дар бемористон қарор дорад.

 

Бино ба гузоришихабаргузории маҳаллии "Оперативное прикрытие” ("Фонтанка”), ҳамла ба шаҳрванди Тоҷикистон шаби 22 октябр, соати тахминан 00:10 дар назди истгоҳи метрои "Площадь Мужества” дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифтааст.

Ин ҷавони тоҷик тахминан соати яки шаб худаш худашро ба бемористони шаҳрии рақами се расондааст. Ӯро дар ин бемористон бо захми тири силоҳи оташфишон бистарӣ карда, рост ба утоқи ҷарроҳӣ фиристодаанд. Ин ҷавон аз қафаси синааш аз туфангчаи травматикӣ тир хӯрдааст.

"Оперативное прикрытие” аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии Петербург менависад, баъди ба худ омадан, муҳоҷири тоҷик нақл кардааст, ки шаби 22 октябр, соати тахминан 00:10 дар назди истгоҳи метрои "Площадь Мужества” се нафари ношинос аввал аз вай сигор пурсида, сипас ногаҳон ҳамла кардаанд. Ҳамлагарон муҳоҷири тоҷикро аз по афтонда, латукӯб кардаанд ва сипас яке аз ҷинояткорон аз ҷайбаш туфангчаи травматикиро бароварда, ба тарафи ӯ чанд тир холӣ кардааст.

Яке аз ин тирҳо ба қафаси синаи шаҳрванди Тоҷикистон расидааст.

Гуфтаи мешавад, ин ҷавони захмӣ дар қаламрави Русия қонунӣ зиндагӣ мекард ва дар Петербург сабти номи муваққатӣ дошт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон