КИЛЛЕР БАРОИ КУШТАНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург фармоишгар ва иҷрокунандаи қасди куштори фармоишии як шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор ва онҳоро ҳабс кардааст. Ҷасади ба хун оғӯштаи ҷавони 24-солаи тоҷикро рӯзи 22 феврал дар кӯчаи Варшавская пайдо карданд. Маълум шуд, ки куштани ӯро як сокини 35-солаи Петербург ба далели хусумати шахсӣ ба як сокини 24-солаи ин шаҳр фармоиш додааст. Киллер ба сабаби зинда мондани муҳоҷири тоҷик ҳаққи хидматашро гирифта натавонистааст.

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 16 октябр хабар дод, ки парвандаи куштори фармоиши як шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор карда ва фармоишгар ва иҷрокунандаи ин нақшаи нокомро ба ҳабс гирифтааст.

Ҷасади ба хун оғӯштаишаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро бо чанд захми тири силоҳи оташфишон рӯзи 22 феврали соли 2018 дар даромадгоҳи корпуси аввали бинои рақами 63 дар кӯчаи Варшавскаяи шаҳри Петербург пайдо карданд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористони Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и ба номи Ҷанелидзе бурданд ва хушбахтона, табибон тавонистанд ин ҷавони тоҷикро аз марг наҷот бидиҳанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми қасди одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Билохира ба муфаттишон муяссар шуд, ки нӯги риштаи ин сӯиқасдро пайдо кунанд.

Маълум шуд, ки нақшаи куштани ин муҳоҷири тоҷикро як сокини 35-солаи шаҳри Санкт-Петербург ба далели хусумат ва бадбинии шахсиаш нисбат ба ин ҷавон кашидааст. Ин мард барои иҷрои ин нақша як сокини 24-солаи Петербургро ба ҳайси киллер ҷалб мекунад.

Фармоишгар киллерро бо пистолет, мошини ВАЗ-2019 ва телефону сим-карта таъмин карда, ба ӯ нақшаи чигуна куштани шаҳрванди Тоҷикистонро мефаҳмонад.

Рӯзи 22 феврал киллер ҷавони тоҷикро дар даромадгоҳи корпуси аввали бинои рақами 63 дар кӯчаи Варшавская поида, ба тарафи ӯ дастикам се тир холӣ мекунад. Вақте ҷавони тоҷик рӯи барф меафтад ва ҷӯи хун аз бадани ӯ замини аз барф сафедро сурх мекунад, киллер мутмаин мешавад, ки ӯ ҷон додааст. Бо ҳамин, киллер аз ҷои ҳодиса фирор карда, пистолетро дар як ҷангал дар атрофи шаҳри Пушкинои вилояти Ленинград мепартояд ва мошинро бурда, дар ноҳияи Лужский месӯзонад.

Аммо фармоишгар ба ин далел, ки нақша иҷро нашуд ва муҳоҷири тоҷик зинда монд, пули киллерро надодааст ва ҳамин баҳси давомдори онҳо барои "ҳаққи хидмат” дар ниҳоят сабаби ошкор шудани ин ҷиноят шудааст. Аммо пулис ошкор накард, ки ин сокини Петербург дар ивази чанд пул куштани муҳоҷири тоҷикро фармоиш додааст.

Ҳоло фармоишгар ва киллери ноком ҳарду пушти панҷара дар ҳабс қарор доранд ва тафтиши ин парванда идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон