ҶАМЪОМАДИ “ДУЗДОНИ ҚОНУНӢ”-И ҚАФҚОЗУ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ИСТАНБУЛ

Нодир Салифов, мулаққаб ба "Лоту Гулӣ”

Рӯзи 7 октябр дар минтақаи Оқсаройи шаҳри Истанбули Туркия ҷамъомад (сходка)-и роҳбарони "мӯътабар) ё "авторитет”-ҳои олами ҷиноии Қафқозу Осиёи Марказӣ доир шудааст. Ин нишасти "дуздони қонунӣ” таҳти раёсати роҳбари олами ҷиноии Озарбойҷон Нодир Салифов, мулаққаб ба "Лоту Гулӣ” баргузор шуд ва аз номи олами ҷиноии Осиёи Марказӣ дар он асосан нафаре бо лақаби "Аҳтами Самарқандӣ” ҳарф задааст. Бино ба гузориши радиои "Озодлик”, дар ҷамъомади Истанбул ҳудуди 100 "авторитет” аз Ӯзбекистон иштирок дошта, 30 нафар аз Қазоқистон ва ҳудуди 50 нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон ба ин нишаст омадаанд.

 

Бино ба гузориши Сироҷиддин ТОЛИБОВ, хабарнигори радиои «Озодлик», нишасти бузурги намояндагони олами ҷиноии Қафқозу Осиёи Марказӣ рӯзи якшанбе, 7 октябр дар маҳаллаи Оқсарой дар ноҳияи Фотиҳ дар маркази шаҳри Истанбул таҳти раёсати роҳбари олами ҷиноии Озарбойҷон Нодир Салифов, мулаққаб ба "Лоту Гулӣ” баргузор шудааст.

Ду манбаи "Озодлик” аз Ӯзбекистон – як "авторитет”-и олами ҷиноӣ ва як тоҷири наздик ба олами ҷиноӣ хабар додаанд, ки дар ҷамъомади Истанбул даҳҳо намояндаи олами ҷиноии Қафқозу Осиёи Марказӣ, ки феълан дар Туркия ба сар мебаранд, ширкат варзидаанд.

"Авторитет”-и узбек дар сӯҳбат бо "Озодлик” гуфт: "Гулӣ” (Нодир Салифов) ин ҷамъомадро барпо кард. Дар ҷамъомад 10 "авторитет” бо ҳудуди 40 муҳофизи худ ширкат доштанд. Дар ҷамъомади "дуздони қонунӣ” ҳамчун роҳбари олами ҷиноии Осиёи Марказӣ як "авторитет” бо лақаби "Аҳтами Самарқандӣ” ("Ахтам Самаркандский”) баромад кард. Ҳамчунин дар ҷамъомад ҳудуди 100 намояндаи олами ҷиноии Ӯзбекистон, ки дар Истанбул зиндагӣ доранд, ширкат карданд. 30 "авторитет” аз Қазоқистон омад ва ҳамчунин наздики 50 нафари дигар – аз Қирғизистон ва Тоҷикистон.”

 

 

Як манбаи муътамади наздик ба доираҳои ҷиноии Самарқанд рӯзи 11 октябр ба сомонаи "Ахбор” гуфт, "Аҳтами Самарқандӣ” аз бачаҳои тоҷики Самарқанд аст ва дар олами ҷиноии минтақа нуфузи зиёд дорад. Ба гуфтаи ӯ, Аҳтами Самарқандӣ солҳои зиёдеро дар Дубай ва дар Туркия дар зиндон ба сар бурдааст.

Тоҷири ӯзбекистонии наздик ба доираҳои ҷиноӣ ба "Озодлик" гуфт, ҷамъомади Истанбул яке аз бузургтарин ҷамъомадҳои авторитетҳои ҷиноӣ аз Шӯравии собиқ буд: "Чунин ҷамъомад (сходка) то ҳол дар Истанбул нашуда буд. Дар нишаст ягон 10 дузди машҳури наздик ба "Лоту Гулӣ” иштирок карданд. Дар он асосан роҳҳои ҳалли масоили баҳсӣ ва ин ки кӣ метавонад дар ҳалли чунин баҳсҳонақши қозиро бозӣ кунад, баррасӣ шуданд. Ҳамчунин масъалаи чигуна харҷ кардани пулҳое, ки дар "общак” (хазинаи доираҳои ҷиноӣ) ҷамъ мешаванд, баррасӣ шуд.”

 

Дуздони қонунӣ дар нишасти Истанбул ҳамчунин аз як тоҷири бузурги ӯзбекистонӣ талаб кардаанд, ки пулҳои аз "общак” гирифтаашро баргардонад. Нодир Салифов гуфтааст, соли 2010 ба як тоҷири ӯзбек, ки ба содироти меваву сабзавот аз Ӯзбекистон машғул аст, аз "общак” 10 миллион доллар додааст.

Салифов ба ин тоҷир шарт мондааст, ки пулҳои аз "общак” гирифтаашро то аввали соли 2019 баргардонад. "Лоту Гулӣ” дар нишасти Истанбул гуфтааст, ки агар ин тоҷир пулро пас надиҳад, бо қоидаҳои олами ҷиноӣ ҷазо дода хоҳад шуд.

"Авторитет”-и ӯзбекистонӣ ба "Озодлик” гуфт: "Дар ҷамъомад "Гулӣ” гуфт, ин масъаларо бо "Бахтӣ Ташкентский (як авторитети дигари ӯзбекистонӣ, ки бо лақаби Бахти Янгиабадский низ машҳур аст) баррасӣ кардааст ва Бахтӣ, ба гуфтаи "Гулӣ”, дар ин қазия аз ӯ ҷонибдорӣ мекунад.”

 

Матбуоти Туркия хабар дод, ки шаби 8 октябр, як рӯз баъди ҷамъомади намояндагони олами ҷиноии Қафқозу Осиёи Марказӣ, кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи пулиси Истанбул Нодир Салифови 46- соларо дастгир карда, барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулиси воқеъ дар кӯчаи Ватан овардаанд. Ба навиштаи рӯзномаи "Ҳуррият”, Салифов бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳое, чун қасди куштор, қочоқи маводи мухаддир, қаллобӣ дастгир шуд,

Нодир Салифов, мулаққаб ба "Лоту Гулӣ” яке аз ашхоси пурнуфуз дар олами ҷиноии Шӯравии собиқ ба шумор рафта, 22 сол аз 46 соли умрашро барои ҷурмҳое, чун куштор, нигоҳ доштани силоҳ, тиҷорати маводи мухаддир ва қаллобӣ дар зиндон ба сар бурдааст. Ӯ тоза соли 2017 аз зиндон озод шуд.

Сомонаи "Криминальная Россия” рӯзи 11 октябр хабар дод, ки пулиси Истанбул Лоту Гулиро рӯзи 9 октябр, як рӯз баъди боздошташ озод кардааст.

Дар аввали моҳи октябр пулиси вилояти Маскав хабар дод, ки дар як ҷамъомад (сходка)-и аъзои гуруҳҳои ҷиноятӣ дар як тарабхона дар деҳаи Трусовои ноҳияи Истра 29 тан аз зодагони Осиёи Марказиро дастгир карданд. Пулис мегӯяд, ин гуруҳҳои ҷиноятӣ соҳибкоронро таҳти чатри ҳимояти худ дароварда, аз онҳо дар ивази пуштибонӣ ҳақ меситонданд. Дар видео аз чеҳраҳои дастгиршудаҳо дида мешавад, ки дар байни онҳо зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Татяна Петрова, сухангӯи пулиси вилояти Маскав рӯзи 2 октябр хабар дод, ки амалиёти зидди ҷамъомад (сходка)-и аъзои гуруҳҳои ҷиноии зодагони Осиёи Марказӣ дар деҳаи Трусово аз ҷониби кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилоят ва пулиси Истра бо ҷалби ҷангиёни воҳиди вижаи "Гром” сурат гирифт. Ба гуфтаи Петрова, дар як тарабхона дар деҳаи Трусовои ноҳияи Истра даҳҳо тан аз аъзои гуруҳҳои ҷиноие ҷамъ омада буданд, ки фаъолиятҳои соҳибкоронро ба таври ҷиноӣ таҳти чатри худ гирифта буданд.

Дар видеое, ки пулиси вилояти Маскав нашр кард, лаҳзаи боздошти "авторитет”-ҳои олами ҷиноӣ аз Осиёи Марказӣ нишон дода мешавад. Дар видео мебинем, ки нирӯҳои вижаи "Гром” вориди тарабхона шуда, тамоми онҳоеро, ки онҷо буданд, ба рӯи фарш мехобонанд.

Аз чеҳраҳои дастгиршудаҳо бармеояд, ки дар байни онҳо зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон