ШИКАНҶАИ ВАҲШИЁНАИ ЯК МАҲБУСИ ЗОҲИРАН ТОҶИК ДАР БОЗДОШТГОҲИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Ин видеои шиканҷаи ваҳшиёнаи як маҳбус дар боздоштгоҳи Ногинскро як дӯст фиристод ва гуфт, "садои ин бечора оҳанги тоҷикӣ дорад, ҷигарам сӯхт...” Дар видеое, ки шабакаи "360” нашр кард, маҳбусони рус даступои як маҳбуси зоҳиран тоҷикро баста, як чӯби ғафсеро ба қафояш андохта, бо ин роҳ таҷовуз мекунанд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки иттиҳоми терроризмро ба калла гирад. Дар ивази эътирофи гуноҳи ин маҳбус яке аз шиканҷагаронро пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод кардаанд.

Шабакаи телевизионии "360” рӯзи 10 октябр видеои шиканҷаи ваҳшиёнаи як маҳбус аз ҷониби маҳбусони рус дар боздоштгоҳи рақами 11-и шаҳри Ногински вилояти Маскавро нашр кард. Манбаи "360” гуфтааст, ки ин ҳодиса моҳи октябри соли 2017 сурат гирифта, шиканҷагари асосӣ баъди бо чунин роҳ ба иқрори иттиҳоми терроризм маҷбур кардани ин маҳбус ҳамчунон мукофот пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод карда шудааст.

Ба шабакаи телевизионии "360” муяссар шудааст, шахсияти яке аз шиканҷагаронро, ки баъди шиканҷаи ин маҳбус пеш аз мӯҳлат озод шуд, муайян кунад.

Роман Новиков, зодаи шаҳри Балашихаи вилояти Маскав (ДАР АКСҲОИ ПОЁН), 36 сол дошта, бо ҷурми хариду фурӯши маводи мухаддир ва қатли як духтари героинфурӯш ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ҳоло дар яке аз толорҳои варзишии "Богатырь” дар Балашиха ҳамчун мураббии фитнес кор мекунад.

<iframe id="aswift_3" name="aswift_3" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Роман Новиков дар посух ба суоли шабакаи "360” гуфтааст, ки "ин навор як саҳнасозӣ буд ва ончӯбдастаро ҳам ба қафои он маҳбус наандохтаанд, балки дар байни дунбаҳояш меҷунбид.”

Новиков аммо эътироф кардааст, ки барои маъмурияти боздоштгоҳи Ногинск кушодани ҷиноятҳо аҳамияти зиёд дошт ва онҳо дар ивази ба эътирофи гуноҳ моил кардани боздоштшудагон ба маҳбусони дигар имтиёзҳо медоданд. Вале ӯ ҳамчунон мукофоти шиканҷаи ин маҳбус пеш аз мӯҳлат озод шудани худро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Алеся Бегленко, сухангӯи УФСИН - идораи зиндонҳои Русия дар вилояти Маскав гуфтааст, ки дар робита ба видеои дар матбуот нашршуда дар бораи шиканҷаи як маҳбус дар боздоштгоҳи рақами 11-уми шаҳри Ногинск тафтиши хидматӣ шурӯъ шудааст ва ин видео ба дасти мақомоти тафтишотӣ супурда шудааст.

Дар зиндонҳои Русия, бино ба омори расмӣ, беш аз 8 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Шаҳрвандони тоҷик дар Русия бештар бо ҷиноятҳое, чун қочоқи маводи мухаддир, тақаллуби аснод, ҳамчунин барои садамаҳои нақлиётӣ ва қисме барои куштору ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон мешаванд. Дар солҳои охир даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Русия бо ҷурми фаъолиятҳои террористӣ, асосан барои ҳамкорӣ бо ДОИШ равонаи зиндон шудаанд.

ДАР АКСҲО: РОМАН НОВИКОВ (АКСҲО АЗ ШАБАКАИ "360”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон