НОМАИ ИЗЗАТ АМОН БА РАМАЗОН РАҲИМЗОДА: МОДАРИ 80-СОЛАИ МАН ЧӢ ГУНОҲ ДОРАД?

Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар як номаи саркушода ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шикоят кардааст, ки кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД тамоми хешу табори ӯ, бо шумули модари 80-солаашро ба вазорат даъват кардаанд. Иззат Амон мегӯяд, ин даъват ба фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия рабт дорад.

 

Иззат Амон, роҳбари созмони "Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон”-и шаҳри Маскав рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, хешу табораш мебоист рӯзи 9 октябр ба ВКД мерафтанд, вале ӯ онҳоро аз рафтан манъ кардааст: "Даъвати хешу табори ман ба фаъолиятҳи ман дар Русия ва ширкати ман дар анҷумани САҲА дар Варшава рабт дорад. Вале фаъолиятҳои ман дар Русия аз касе пинҳон нест ва дар анҷумани Варшава низ ман аз номи Русия ва бо даъвати худи САҲА иштирок кардам ва дар бораи Тоҷикистон суханроние накардаам. Интиқоди ман дар Варшава аз сиёсати муҳоҷиратиҳукумати Русия буд. Дар ягон маъракаи оппозитсия дар Варшава ширкат ҳам накардам. Агар мақомот ҳар суоле доранд, ба худам муроҷиат кунанд ва хешу табори маро ғам надиҳанд.”

Иззат Амон дар муроҷиатномааш ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Рамазон Раҳимзода, ки рӯзи 9 октябр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, менависад, раиси маҳалла ба манзили онҳо дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ омада, хостааст, ки ҳама аъзои оила, бо шумули модари 80-солааш ба ВКД, ба пеши як полковники раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона бо номи Олим ташриф биоранд.

Иззат Амон дар муроҷиатномааш менависад:

 

Ба таваҷҷуҳи Вазири Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Мӯҳтарам Вазир!!!
Дирӯз ба манзили падарии ман, ки дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст нафаре бо номи Толиб омада худро раиси маҳалла муаррифӣ намуда хоҳиш карда аст то бо корманди Раёсати зидди ҷиноятҳои муташаккил нафаре бо номи Олим, ки рутбаи полковникӣ ҳам дошта аст тамос гирифта тамоми аҳли оила бо шумули модари пири 80 солаи ман ба ВКД ташриф биёварем.
Ҷаноби Вазир!!!
Ба Шумо маълум аст, ки ҳудуди 17 сол боз ман аз кишвар берун дар муҳоҷират ба сар мебарам. Соле барои як ҳафта ба аёдати модари пирам ба ватан бармегардам. Бо чӣ далел корманди Раёсати зидди ҷиноятҳои муташаккил аҳли хонаводаи маро ба наздаш даъват карда аст барои ман номаълум. Эҳтимол дорад модари 80-солаи ман муртакиби гуноҳе гашта бошад, вале ин ҳам барои ман номаълум аст.
Гумон накунам даъвати шаҳрвандон ба ВКД (агар чанде муртакиби гуноҳе ҳам шуда бошанд) аз тариқи раиси маҳалла ун ҳам бо ин ҳама ҳайбату муҳобо амали қонунӣ бошад.
Сониян, Шумо хуб аз фаъолияҳои мо дар ҳудуди Руссия хабар доред. Ба фикрам кам муҳоҷири тоҷикеро метавон пайдо намуд, ки шумораҳои телефонӣ ва одриси дафтари Иззат Амонро дар Маскав надонад. Гузашта аз ин намояндагии ВКД ҶТ дар Маскав бо мо тамоси мустақим дорад, ва дар бисёри ҳолот онҳо аз мо кумак мегиранду, мо аз онҳо.
Сабаб ва далели даъвати корманди "УБОП" аҳли хонаводаи маро ба ВКД номаълум аст. Ин даъват биноан ба ман ва фаъолияҳои ман дар паи ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Руссия рабт дорад.
Лутфан ба ин қазияи дилхарошкунанда расидагӣ намоед. Агар воқеан суолу пурсише ҳаст омодаам ба намояндагии ВКД ҶТ дар Маскав ташриф биёварам, зеро дар ҳоли ҳозир имкони баргаштан ба ватан ва дидор бо полковник Олимро надорам.
Бо эҳтиром
Иззат Амон - Раҳбари ташкилоти ҳимоя аз ҳуқуқи инсон " Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон"
Шумораҳо барои тамос:
+79645594961, +79252776595

Иззат Амон аз зумраи ангуштшумор ҳомиёни мустақили ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба шумор меравад. Ҳомиёни мустақил ба фарқ аз он созмонҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таҳти фишору ҳатто таъқиб қарор мегиранд.

Дар соли 2017 Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари мустақили ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро барои қариб ним сол аз Русия танг карда бароварданд. Каромат Шарипов, як ҳомии дигари мустақили муҳоҷирони тоҷикро бо қарори додгоҳ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд ва моҳи декабри соли 2017 бо ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб умуман аз он кишвар ихроҷ карданд. Каромат Шарипов то ҳол талош дорад, то тавассути додгоҳҳои Тоҷикистон ҳаққи бозгашт ба Русияро ба даст биорад, вале бенатиҷа.

<iframe id="aswift_3" name="aswift_3" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Бархе дар пайи хабари даъвати хешовандони Иззат Амон ба ВКД ҳадс мезананд, ки баъди Каромат Шарипов шояд навбати Иззат Амон расида бошад.

Мунтақидони ҳукумат мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро пайваста айбдор мекунанд, ки аз хешу табори дигарандешон ҳамчун абзори фишор сӯиистифода мекунад. Мақомот инро рад мекунанд ва мегӯянд, хешовандони фаъолони оппозитсия ва мунтақидон танҳо барои сӯҳбат даъват мешаванд ва касе онҳоро шиканҷаву озор намедиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон