ҲУКМИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДУЗДӢ ДАР МАСҶИД

А., як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Перми Русия бо ҷурми дуздӣ аз сандуқи хайрияи як масҷиди маҳаллӣ ба 11 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст. Додгоҳ мегӯяд, ки А. ду дафъа сандуқи хайрияи созмони мусулмонии "М”-ро ба маблағи 25 ҳазор ва 11 ҳазор рубл ғорат карда, вақте дастгир шуд, ки бори сеюм боз ҳам бо ҳадафи дуздӣ ба ин масҷид омад.

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Перми Русия, ин додгоҳ рӯзи 2 октябр ба муҳокимаи парвандаи А., як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон оғоз кард ва ӯро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия - қисми дуюми моддаи 158-ум (дуздӣ) ва қисми сеюми моддаи 30(қасди дуздӣ) – ба 11 моҳи корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 10 фоизи маошаш ба фоидаи давлат маҳкум кард.

<iframe id="aswift_2" name="aswift_2" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Додгоҳ мегӯяд, дар нимаи аввали моҳи июн, ки барои мусулмонон моҳишарифи Рамазон идома дошт, А. ду маротиба бо ғарази ҷиноӣ, яъне қасди дуздӣ сандуқи хайрия дар масҷиди созмони мусулмонии "М”-ро холӣ кардааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, А. медонист, ки сандуқи хайрияи ин масҷид пули зиёд дорад. Ба ин хотир ӯ аз паси посбони масҷид поида, мефаҳмад, ки ӯ калиди масҷидро дар куҷо мегузорад. Баъди ин А. ду калиди масҷидро дуздида, вақте ки касе дар масҷид набуд, вориди он мешавад.

Ӯ сипас ба назди яке аз сандуқҳои хайрия омада, сандуқи бастаро бо кумаки отвёртка мекушояд ва аз дарунаш 25 ҳазор рублро ба яғмо мебарад. А. баъди ин барои пӯшондани изи ҷинояташ сандуқро аз нав мебандад ва отвёрткаро дар даруни қуттии гул пинҳон мекунад.

Ӯ ҳамин тавр рӯзи 8 июн боз ба таври пинҳонӣ вориди масҷид шуда, як сандуқи дигари хайрияро бо кумаки отвёрткаи дар қутии гул пинҳонкардааш мекушояд ва аз даруни он 11 ҳазор рублро ба киса мезанад. Сипас А. мисли дафъаи аввал отвёрткаашро дар қутти гул пинҳон карда, сандуқро, ба қавле, хушрӯ маҳкам мекунад, ки касе дуздии пул аз даруни онро пай набарад.

<iframe id="aswift_3" name="aswift_3" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Додгоҳи ноҳияи Орҷоникидзе мегӯяд, рӯзи 12 июн дар сари А. боз ҳамон фикри ғаразноки дуздии молу мулки ғайр омад ва ӯ ба ин мақсад аз ҳуҷраи посбони масҷид дигарбора ду калиди дарди ин масҷидро дуздид. А. бо кумаки ин калидҳо дари масҷидро кушода, ворид шуд. Ӯ даҳони яке аз сандуқҳои хайрияро кушода, аз дохилаш 2989 рублро ба киса зад. Вале дар ҳамин лаҳза садои пои кормандони масҷидро шунида, аз кофтани сандуқҳои дигар даст кашид ва "қасди ҷиноятиашро ба охир нарасонда” калидҳои дуздидаашро партофт ва тавассути дари дуюми масҷид рӯ ба фирор овард.

Ҳукми А. ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст, вале мавҷи маҳкумиятҳоро дар байни ҷамъиятҳои муҳоҷирон дар шаҳру кишвари Перми Русия ба бор овардааст.

Муҳоҷирон дуздии пулҳои хайрия аз масҷид ва он ҳам дар моҳи шарифи Рамазонро ҳамчун як амали нанговар маҳкум мекунанд ва чунин рафторро ниҳояти беимонӣ ва гуноҳи кабира мешуморанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон