БЕКҶОН: МАН НОМУСИ ХОҲАРАМРО ҲИМОЯТ КАРДАМ (ВИДЕО)

Бекҷон Сарбишев, ҷавони 21-солаи қирғиз, ки субҳи 9 сентябр дар шаҳри Маскав 10 зодаи дигари Қирғизистонро бо мошинаш пахш карда, сабаби марги якеи онҳо шуд, гуфтааст, аз номуси хоҳараш ҳимоят кард. Модари Бекҷон низ рафтори писарашро дуруст номидааст. Дар ҷашни зодрӯзи хоҳари Бекҷон дар қаҳвахонаи "Аура” як гуруҳи ҷавони қирғиз ба ӯву дугонаҳояш гап партофтаанд, ки сабаби занозанӣ ва дар ниҳоят ҳамла бо мошин шуд.

 

Соати тақрибан шаши субҳи 9 сентябр дар назди қаҳвахонаи "Аура” дар гулгашти Новочеркасскийи шаҳри Маскав як нафар бо мошини "Фолксваген Поло” болои издиҳоми ҷавонони дар саҳни қаҳвахона ҷамъшуда ҳамла кард. Дар натиҷа 10 нафар зодагони Қирғизистон ҷароҳат бардошта, якеи онҳо – ҷавони 21-сола – ба ҳалокат расид.

Мақомоти Русия ронандаи мошин Бекҷон Сарбишев, соли таваллудаш 1997, зодаи ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон ва шаҳрванди Русияро дастгир карданд ва ба зидди ӯ иттиҳоми куштор ва қасди куштори беш аз ду нафар бар асоси қисмҳои як ва дуи моддаи 105 ва қисми сеюми моддаи 30-юми Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Бекҷон Сарбишев ба он айбдор мешавад, ки мошинашро қасдан болои издиҳоми одамон рондааст. Худи Сарбишев дар баёноташ ба пулис гуфтааст, ки аз номуси хоҳараш ва дугонаҳои ӯ ҳимоят кард.

Шаби 8 ба 9 сентябр дар қаҳвахонаи "Аура” зодрӯзи хоҳари Бекҷонро ҷашн мегирифтанд. Ҳангоми рақс як гуруҳи ҷавонон ба хоҳари Бекҷон ва дугонаҳои ӯ гап партофта, рафтори носазо мекунанд. Бекҷон бо он ҷавонон вориди баҳс ва сипас занозанӣ мешавад.

Субҳи барвақти 9 сентябр, вақте он издиҳоми ҷавонон дар саҳни ҳавлии қаҳвахона истода буданд, Бекҷон Сарбишев ба мошинаш нишаста, онро болои издиҳом ронд.

Хонаводаи Бекҷон Сарбишев соли 2003, вақте ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт, ба Русия кӯчиданд. Бекҷон мактаби миёнаро дар Маскав хатм кардааст. Ӯ фарзанди калонии хонавода буда, се хоҳар дорад.

Модари Бекҷон рафтори писараш барои ҳимоят аз хоҳарашро дуруст номидааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон