МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК: АПАИ МӮЪТАБАР ДАР ҲАҚҚИ МО ХИЁНАТ КАРД (ВИДЕО)

Як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик, ки бо автобус аз Хуҷанд ба шаҳри Маскав сафар мекарданд, бо нашри як видео "апаи Мӯътабар” ном масъули ширкати мусофирбар аз Хуҷандро ба хиёнат дар ҳаққи онҳо айбдор карданд. Муҳоҷирон мегӯянд, ба ҷои автобуси замонавии ваъдагӣ онҳоро дар як автобуси шалақу вайронае бор кардаанд, ки ба Русия норасида, дар марзи Қазоқистон дар як даште, ки дар атрофаш ягон ободӣ нест, хароб шуд ва онҳо гушнаву ташна дар ними роҳ дармондаанд.

Видеои сарсониву саргардонии гуруҳи муҳоҷирони тоҷик аз Душанбеву Норак ва Восеъ дар шабакаи Ютуб нашр шудааст. Дар ин видео муҳоҷирон курсиҳои кандаи автобусеро, ки онҳоро ба он савор кардаанд, нишон медиҳанд ва мегӯянд, онҳо рӯзи 24 август аз Хуҷанд ҳаракат карданд ва тибқи ваъда мебоист, ҳанӯз рӯзи 28 август ба Маскав бирасанд. Вале автобуси вайронаашон ҳатто ба Русия норасида, дар марзи Қазоқистон бо Русия вайрон шуд ва онҳо чанд рӯз боз дар ними роҳ ташнаву гушна дармондаанд ва маълум нест, ки кай ба манзили мақсудашон хоҳанд расид.

Яке аз ин муҳоҷирон хитоб ба "апаи Мӯътабар” мегӯяд, ки ӯ дар Хуҷанд ба онҳо сафар ба Русия дар автобуси замонавии муҷаҳҳаз бо Интернету дигар талаботи муосирро ваъда дод, вале "мо дар автобусе ҳастем, ки ҳанӯз замони СССР сохта шуда, мӯҳлати истифодааш кайҳо тамом шудааст. Апаи Мӯътабар, ин фиребе, ки шумо моро додед, хиёнат ба муҳоҷиронест, ки ба хотири як луқмаи нон барои фарзандонашон рӯ ба мулки ғарибӣ овардаанд. Ин кори шумо хиёнат ба миллат ва мардуми тамоми Тоҷикистон аст!”

Муҳоҷирон мегӯянд, бо ин автобуси вайрона дар се рӯз ҳамагӣ 500 километрро тай кардаанд: "Пиёда агар мерафтем, алакай расида будем. Мардум, набиёед дигар бо ин автобусҳои Хуҷанд. Беҳтараш аз бонк қарз кунеду бо ҳавопаймо биравед ба Русия.”

Автобуси ин муҳоҷирон дар минтақае хароб шудааст, ки як минтақаи дашт аст ва дар атрофи он ягон ободӣ вуҷуд надорад. Ба ин далел, муҳоҷирони тоҷик дар ними роҳ гушнаву ташна дармондаанд ва маълум нест, ки кай ба Маскав ё ҳадди ақал ба ягон ободӣ мерасанд.

Дар ин авохир шикоятҳо аз сифати пасти хидматрасонии ширкатҳое, ки муҳоҷирони тоҷикро аз Хуҷанд бо роҳҳои заминӣ ба Русия мебаранд, зиёд шудааст.

Рӯзи 31 август сомонаи "Ахбор” аксҳои фиристодаи Аброр ном донишҷӯи тоҷикро, ки тавассути ширкати "Саёри лаззати дунё” аз Хуҷанд ба Маскав сафар кардааст, нашр кард. Аброр мегӯяд, сайри онҳо бо "Сайри лаззати дунё” бештар ба сайри дӯзах мемонд.

Масъулони ин ширкат низ ба муҳоҷирон ваъда додаанд, ки онҳоро дар зарфи 4 рӯз бо автобуси дуошёнаи барҳаво то Маскав мерасонанд. Вале баъди аз ҳар мусофир рӯёндани 750 сомонӣ роҳкиро онҳоро шашнафарӣ ба "Дамас”-ҳои танг бор карда, то марзи Қазоқистон бурдаанд ва аз онҷо ба автобусҳои шалақе, ки ягон шароит надошт, савор кардаанд.

Ин ҷавони донишҷӯи тоҷик гуфт, волидонаш аз он ки ӯро тавассути ин ширкати бесоҳиб ба роҳи дур гусел намуданд, ангушти пушаймонӣ мегазанд. Аброр низ дигаронро ҳушдор дод, ки ҳаргиз аз хизматрасонии чунин афроди мардумфиреб истифода набаранд.

<iframe id="aswift_3" name="aswift_3" width="764" height="90" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон