ОРЗУИ ХОТИРАГУМКАРДАРО БАЪДИ 4 СОЛ БА ПЕШИ МОДАРАШ БАРГАРДОНДАНД

Гурӯҳе аз мардуми хайрхоҳ як ҷавони бемори тоҷикро, ки чаҳор сол боз наздиконаш аз ӯхабар надоштанд, аз гаражи нимахароб дар Русия пайдо карда ва ба зодгоҳаш – шаҳри Кӯлоб фиристоданд. Орзу Тӯрахонов хотираашро гум карда буд ва ба ғайри номаш дигар намедонист, ки кисту аз куҷост?

 

Тоҳири САФАР

Орзу Тӯрахонов, сокини 32-солаи маҳаллаи Борбад аз шаҳри Кӯлобро,ки хотираашро гум кардааст, бо мусоидати муҳоҷирони тоҷик ва сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-уми сентябр ба зодгоҳаш фиристодаанд ва ба дасти хешовандонаш супурдаанд.

Ғайрат Маъмуров, сокини шаҳри Хуҷанд,ки солҳо боз дар Русия ба ҳайси бригадир дар сохтмонҳо кор мекунад, рӯзи 2-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Орзуро, ки хотираашро қисман гум кардааст, баъд аз он пайдо кард, ки ба ӯ гуфтанд, як ҷавони бемори тоҷик дар як маҳаллаи наздик ба ҷойи кори онҳо аҳволи баде дорад ва сарсону саргардон мегардад. Орзу Тӯрахонов, то кунун дар вилояти Маскав будааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ғайрат Маъмуров, Орзуро аз гаражи нимавайронае пайдо кардааст.

"Ба ман гуфтанд, ки як ҷавони лоғари тоҷик, сармохӯрда,ки хотираашро фаромӯш кардааст, дар кӯчаҳо мегардад, гуфтам ба назди ман биёред, гуфтанд, ки намеояд. Баъд худам рафтам” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Зиндагӣ дар ҷойи ваҳшатнок

Ба қавли Ғайрат Маъмуров, барои пайдо кардани ин ҷавон ба маҳалли зисташ рафт, ки ҷойи ваҳшатнок ва барои зиндагӣ комилан номуносиб буд.

"Дар наздикии деҳаи Мканино дар як гаражи матрук дар наздикии ҷангале зиндагӣ мекард. Гараж ҳам як харобае пур аз алафу магас буд. Ӯро хона овардам, сару рӯяшро шустем, ришашро гирифтем, ба одам монанд шуд. Сипас ба консулгарӣ ва сафорат муроҷиат кардам. Кӯмак карданд" – гуфт, Ғайрат Маъмуров.

Баъди муроҷиати Ғайрат Маъмуров ба сафорату консулгарӣ ва аз ҷумла Иброҳими Аҳмад,яке аз намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ӯ акси Орзу Тӯрахоновро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук гузоштa ва аз корбарон даъват кардааст, дар шиносоии ҷавон кӯмак кунанд, то ӯро ба назди хешовандонаш баргардонанд.

 

Муроҷиат ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки самар дод

Худи Аҳмад Иброҳим дар Фейсбук навишт, ки баъди муроҷиати онҳо, ҷавоне бо номи Нуралӣ Фаттоев, ки ҳамсояи Орзу Тӯрахонов будааст, ӯро шинохта ва дар пайдо кардани маҳалли зисту хешовандонаш кӯмак кардааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нуралӣ Фаттоев дар Фейсбук навишт, ки Орзуро мешиносад.

Ба навиштаи Аҳмад Иброҳим сафорат дар муддати кӯтоҳе санадҳои бозгашти Орзу Тӯрахоновро дуруст кард, то ӯро ҳарчӣ зудтар ба назди хешовандонашон ба Тоҷикистон баргардонанд.

Ғайрат Маъмуров мегӯяд ин ҷавонро дар гузашта мешинохт, чун дар як сохтмоне дар ҳамсоягиаш кор мекард, аммо намедонист, ки аз куҷо аст ва хешовандонаш кӣ ҳастанд. Худи ӯ ҳам ба ғайр аз модараш дигар касеро дар ёд надоштааст.

Баъди даъвати табибон барои муоинаи Орзу Тӯрахонов, онҳо гуфтаанд, ки камғизоӣ, аҳволи бади зиндагӣ зоҳиран сабаби аз даст додани хотираи ҷавони тоҷик шудааст ва мумкин аст, бо мурури замон, хотираи ӯ баргардад.

Ғайрат Маъмуров мегӯяд,Орзу ҳатто ба ёд намеорад, ки субҳ ғизо хурда буд, ё не. Вале гузаштаҳои дур, аз ҷумла модар ва лаҳзаҳои кораш дар панҷ шаш соли пеш андаке дар ёдаш ҳаст.

Пули билети Орзуро, муҳоҷирони тоҷик рӯзи ҷумъа баъд аз адои намоз дар масҷиде дар вилояти Маскав ҷамъ овардаанд. Сайфулло Файзуллоев, яке аз ҳамсоягони дигари Орзу Тӯрахонов, рӯзи2-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Орзу Тӯрахоновро рӯзи 2-уми сентябр ба дасти хоҳари калониаш дар фурудгоҳи Кӯлоб супурданд ва ӯ алъон дар назди модар қарор дорад.

Бехабарии сесола аз сарнавишти фарзанд

Ба гуфтаи ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, хешовандонаш се сол боз аз сарнавишти Орзу бехабар буданд: "Ҳашт сол боз дар Русия буд, чаҳор соли аввал бо аҳли оилааш дар тамос будааст, вале чаҳор соли дигар аз ӯ ҳеҷ дарак надоштаанд” - гуфт, Сайфулло Файзуллоев.

Ба қавли ӯ,як бародари Орзу низ муддати тӯлонист, ки бедарак аст ва хешовандонаш талош доранд, ӯро ҳам пайдо кунанд.

Майрамбӣ Қурбонова, модари Орзу дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди фироқи3-сола дар ниҳоят писарашро дид, вале фарзандаш ӯро нашинохт.

"Аввал нашинохт, мегуфт, ки сагҳо сур карданд, баъд оҳиста-оҳиста овардем хона, бояд муолиҷа кунем" - афзуд ӯ.Худи Орзу суҳбат намекунад.

Бори аввал нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аксу наворҳо дар бораи муҳоҷирони хотирагумкарда ва ё ҳалокшудаи тоҷик нашр мешавад. Дар ин шабакаҳо даҳҳо муроҷиат ҳаст,ки аз корбарон мехоҳанд,дар пайдо кардани хешовандони муҳоҷирони кушташуда, ё бемор мусоидат кунанд.

Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва садҳо нафари онҳо бемор бармегарданд. Ҷасади садҳо нафари дигарро, ки дар тасодуфҳо кушта мешаванд, бо мусоидати муҳоҷирони хайрхоҳ ба кишвар мефиристанд.

Бознашр аз радиои "Озодӣ”

 

 

СИПОС БА ҲАМАИ ҲАМВАТАНОН! ОРЗУ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ!

 

Намояндагии вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо изҳори сипос ба ҳамватанон барои кумак хабар дод, шахсияти муҳоҷири тоҷикеро, ки хотираашро гум карда буд, муайян кардаанд ва Орзу Тӯрахоновро шаби 1 сентябр бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Ватан фиристодаанд. Орзу ҳоло аз тамоми хешу табор фақат модарашро мешиносад, вале табибон гуфтаанд, имкон дорад, ки хотираи ӯ батадриҷ барқарор шавад.

Иброҳими Аҳмад, сухангӯи Намояндагии вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2 сентябр дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук ба ҳамватаноне, ки дар муайн кардани шахсияти Орзу Тӯрахонов кумак кардаанд, изҳори ташаккур кард.

Иброҳими Аҳмад рӯзи 25 август дар Фейсбук акси марди ҷавонеро нашр карда буд, ки дар Русия хотираашро гум кардааст. Ӯ танҳо номашро Орзу мегуфт, вале аз куҷо буданаш ва дигар мушаххасоти худро дигар дар ёд надошт.

Аммо барои онки ӯро ба Тоҷикистон бифиристанд, бояд аввал шахсияти ин мардро маълум мекарданд.

Иброҳими Аҳмад менависад, ки ин ҳама муддат Ғайрат ном марде аз Хуҷанд ба Орзу нигоҳубин кард, Нуралӣ ном ҳамватани дигари мо ӯро шинохт ва Довуду чанд ҳамватани дигар дар ҷамъоварии пул барои харидани чиптаи парвоз барои Орзу Тӯрахонов кумак карданд. Ҳамин тавр, Иброҳими Аҳмад ба кормандони консулгарии Тоҷикистон барои фавран омода кардани ҳуҷҷатҳои лозим барои бозгашти Орзу Тӯрахонов изҳори ташаккур кард ва навишт, ки Орзуро шаби гузашта бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Ватан фиристодаанд.

Иброҳими Аҳмад менависад: "Орзу дар ҳоли ҳозир аз хешу табори худ фақат модарашро мешиносад. Табибон дар инҷо гуфтанд, ки бо гузашти вақт имкон дорад, ки хотираи ӯ барқарор шавад. Ба ӯ шифои ҳарчӣ зудтар мехоҳем!”

БЛАГОДАРНОСТЬ!
Орзу Турахонов- парень потерявший память. Не знал кто и откуда. Несколько дней тому назад мы делали пост о нём. Просили помочь в установлении личности. Представительство министерства труда, миграции и занятости населения РТ в РФ по миграции выражает благодарность всем, кто откликнулся. Гайрату из Хучанда, который присматривал за ним, Нурали, который опознал его, Довуду и всем другим нашим соотечественникам, просто хорошим людям, которые помогли в сборе средств для приобретения билета. Сотрудникам Консульской службы Посольства РТ в РФ за оперативную подготовку необходимых документов. Сегодня ночью рейсом Москва-Куляб улетел на родину. Пока Орзу из родни узнает, только маму. Врачи здесь говорили, что со временем, есть вероятность, что ему вернется память. Желаем ему скорейшего выздоровления!

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон