ТАФСИЛОТИ НАВИ АВБОШӢ ДАР ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ- ДУШАНБЕ (2 ВИДЕО)

Мақомоти тафтишотии Русия ба зидди як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки шоми 29 август дар дохили ҳавопаймои Маскав-Душанбе даст ба авбошӣ ва латукӯби меҳмондор (стюардесса)-и ширкати "Уралские авиалинии” зада, таҳдиди таркондани ҳавопайморо кард, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҳавопаймо, ки соати 19:15 аз фурудгоҳи Жуковский парвоз кард, соати 20:40 ба ин фурудгоҳ баргашт. Мусофири бехудро боздошт карданд ва ҳавопаймо бо дувуним соат таъхир дубора роҳии Душанбе шуд.

Маркази матбуоти Раёсати байниминтақавии тафтишот дар нақлиёти Маскав ба зидди ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бар асоси қисми якуми моддаи 23-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ дар дохили ҳавопаймо парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз ҷарима ба маблағи аз 300 то 500 ҳазор рубл то 5 сол ҳукми зиндон ё корҳои маҷбурӣ таҳдид мекунад.

УК РФ Статья 213. Хулиганство

1.Хулиганство, то есть грубое нарушение общественного порядка, выражающее явное неуважение к обществу, совершенное:

 

а) с применением оружия или предметов, используемых в качестве оружия;

б) по мотивам политической, идеологической, расовой, национальной или религиозной ненависти или вражды либо по мотивам ненависти или вражды в отношении какой-либо социальной группы;

(в ред. Федерального закона от 03.04.2017 N 60-ФЗ)

(см. текст в предыдущей редакции)

в) на железнодорожном, морском, внутреннем водном или воздушном транспорте, а также на любом ином транспорте общего пользования, -

(пп. "в" введен Федеральным законом от 03.04.2017 N 60-ФЗ)

наказывается штрафом в размере от трехсот тысяч до пятисот тысяч рублей или в размере заработной платы или иного дохода осужденного за период от двух до трех лет, либо обязательными работами на срок до четырехсот восьмидесяти часов, либо исправительными работами на срок от одного года до двух лет, либо принудительными работами на срок до пяти лет, либо лишением свободы на тот же срок;

Намояндаи ширкати "Уралские авиалинии” мегӯяд, ки ин мусофири соли таваллудаш 1993, дар ҳолати мастӣ даст ба чунин амал задааст: "Ҳангоми ба парвоз хестани ҳавопаймо, ин мусофир дар ҳолати мастӣ бо як мусофири дигар занозанӣ карда, меҳмондорро зад. Ба авбош шифоҳӣ ва сипас хаттӣ ҳушдор дода, дасту пояшро бастанд. Сархалабон тасмим гирифт, ки ба далелҳои амниятӣ ба фурудгоҳ баргардад. Дар фурудгоҳи "Жуковский” авбош ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.”

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон бо мушт ба сари меҳмондори ҳавопаймо задааст.

Ангезаи чунин амали ӯ маълум нест, вале аз видеое, ки мусофирони дигари ҳавопаймо сабт кардаанд, ва ҳам аз видеои нахустин бозпурсии ин марди ҷавон бармеояд, ки ӯ чандон ба худ нест ва зоҳиран гирифтори бемории рӯҳист.

Дар видеое ки қаблан ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, лаҳзаи авбошии ин мусофир дар дохили ҳавопаймо сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки як мусофири ҷавон дар ҳоли зоҳиран бехудона дар дохили ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии” дод мезанад, ки ин ҳавопаймо метаркад. Ӯ мегӯяд, "дар инҷо шайтон ҳаст, магар шумо шайтонро намебинед?”

Ҳавопаймо, ки соати 19:30 аз фурудгоҳи Душанбе ба парвоз хеста буд, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби ин мусофир маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад. Ба гуфтаи мусофирон, ҷавоне, ки меҳмондорро латукӯб кард, бемори рӯҳӣ буд. Ҳавопаймои "Уралские авиалинии” соати 20:40 дар фурудгоҳи Жуковский нишастааст.

Қазия таҳти таҳқиқ қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон