расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Месси раҳбарияти “Барселона”-ро аз нияти тарки даста огоҳ кард

. / Варзиш

Месси раҳбарияти “Барселона”-ро аз нияти тарки даста огоҳ кард

Бино ба иттилои ВАО, тасмими Месси қатъӣ аст.

Сурат: eurosport.ru
Ҳамлагари аргентинии дастаи “Барселона”-и испания Лионел Месси раҳбарияти тимро огоҳ кард, ки нияти ба наздикӣ тарк кардани ҳайати дастаро дорад. Дар ин бора РИА Спорт хабар медиҳад.
Тавре ин нашрия қайд мекунад, як манбаи шиноси наздики аргентинӣ дар “Барселона” гуфтааст, тасмими Месси қатъӣ буда, ӯ боре ҳам надидааст, ки футболбоз то ба ин ҳад ҳайати тимро тарк кардан мехоҳад.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар вохӯрии чаҳорякфиналии Лигаи чемпионҳо дар Лиссабон (Португалия) “Барселона” аз дастаи “Бавария”-и Мюнхен бо ҳисоби калони 2:8 шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи бозиҳо дар ин мусобиқаи бонуфузи Аврупо маҳрум шуд. Аз соли 1946 бори аввал аст, ки дар як бозӣ ба дарвозаи “Барселона” 8 гол ворид карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки созишномаи Лионел Месси бо “Барселона” то тобистони соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Mundo Deportivo, “Барселона” маблағи ба дигар даста гузаштани Мессиро муайн кард.
Бино ба маълумоти нашрия, “Барселона” ҳоло ҳам умедвор аст, ки Месси то анҷоми муҳлати қарордод дастаро тарк намекунад.
Аммо раҳбарияти даста аз эҳтимол дур намедонад, ки дар сурати аз ҷониби дастаи харидор пардохт шудани маблағи ҳаққи гузашт дар ҳаҷми 700 млн евро, Месси “Барселона”-ро тарк карда метавонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.