БАҲСИ ҶАСУРОНАИ КАРИМҶОН ЁРОВ БО ДУ ПУЛИС ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик видеои баҳсаш бо ду афсари пулиси русро нашр кард. Каримҷон Ёров дар ин видео ҷасурона барои ҳимоят аз муҳоҷирони боздоштшуда бо афсарони пулис вориди баҳс шуда, онҳоро ба бесаводӣ айбдор мекунад. Афсарони пулис далеле ба муқобили ӯ пайдо накарда, талаб мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо ба шуъба биравад. "Рафтем!" - мегӯяд ҳуқуқдони тоҷик ҷасурона ба онҳо.

 

Дар видеое, ки Каримҷон Ёров рӯзи 22 июл дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук нашр кард, дида мешавад, ки кормандони пулис чанд муҳоҷирро дар назди яке аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Маскав дастгир кардаанд. Ҳомии ҳуқуқи тоҷик ба ҳимояти ин муҳоҷирон расида, бо афсарони пулис баҳс мекунад.

Кормандони пулис ба ӯ фаҳмонданӣ мешаванд, ки гӯё ин муҳоҷиронро бар асоси "ориентировка” бо эҳтимоли даст доштанашон дар кадом кирдори ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Вале Каримҷон Ёров ин далели онҳоро ба масхара кашида, мегӯяд, асос барои чунин боздошт бояд телефонограмма ва фотороботе бошад, ки ба гумонбари ҷиноят монанд будани муҳоҷири боздоштшударо собит кунад. Ӯ ҳамчунин кормандони пулисро истинтоқ мекунад, ки агар ин муҳоҷиронро бар асоси гӯё "ориентировка” барои кадом ҷинояти дигар дастгир карда бошанд, чаро аз онҳо патент мепурсанд?

-Шумо дар кадом мактаб хондаед? Аз куҷо шунидаед, ки шаҳрвандони Арманистон бояд дар Русия патент бигиранд? Агар хабар надошта бошед, донед, ки Арманистон узви ЕвразЭС аст ва ба шаҳрвандонаш дар Русия патенту иҷозатнома даркор нест.

Афсарони пулис аз баҳси Каримҷон Ёров бетоқат шуда, ҳуҷҷатҳои худашро барои тафтиш талаб мекунанд. Вале ӯ мегӯяд, бояд аввал асоснок кунанд, ки дар кадом асос ҳуҷҷати ӯро тафтиш карданианд. Баҳси Каримҷон Ёров бо афсарони пулис ба ҷое мерасад, ки ӯро ба мошини пулис савор карда, ба шуъба мебаранд.

Каримҷон Ёров бе ягон боку тарс ба мошини пулис нишаста, дар роҳ ба сӯи шуъба низ баҳсашро бо онҳо идома медиҳад.

Каримҷон Ёров аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва роҳбари созмони "ЭтМос” мебошад. Ӯ соли гузашта ба далели ҳимояташ аз ҳуқуқи муҳоҷирон таҳти фишорҳои шадид қарор гирифта, як муддат маҷбур ба тарки Русия шуд, вале ахиран боз ба Маскав баргашт ва ҳамчунон фаъолона ба ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон идома медиҳад.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон