СОҲИБКОРИ ТОҶИКРО ДАР ДАРУНИ МАҒОЗААШ ОТАШ ЗАДАНД

Шаби 10 июл бар асари сӯхтор дар мағозаи "Планета одежды” дар шаҳри Гайи вилояти Оренбург соҳибкори 31-солаи тоҷик Мирзо Умедов ба ҳалокат расид. Ин ҷавонмарди зодаи Ҳисор тоза ду ҳафта қабл ин мағозаро боз карда буд. Бовар меравад, ки мағозаро қасдан оташ задаанд. Наздиконаш мегӯянд, ки Мирзоро рақибонаш қасдан куштаанд.

Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оренбурги Русия дар иттилоияи расмиаш мегӯяд, ки шаби 10 ба 11 июл дар як мағоза дар кӯчаи Войченкои шаҳри Гай, воқеъ дар тақрибан 250-километрии шарқи маркази ин вилоят дар масоҳати 20 метри мураббаъ сӯхтор шудааст ва бар асари ин сӯхтор як нафар ҷон додааст. Дар иттилоия гуфта мешавад, ки барои фурӯ нишондани сӯхтор ду мошин ва 7 корманди МЧС ҷалб шудаанд.

Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки ин сӯхтори шабона дар шаҳри Гай дар мағозаи як соҳибкори тоҷик рух дода, сабаби марги соҳиби мағоза шудааст.

Ин соҳибкор Мирзо Умедови 31-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор буда, маркази савдои "Планета одежды” ("Олами либос”)-ро дар шаҳри Гай тоза ду ҳафта қабл – рӯзи 30 июн ба иҷора гирифта буд. Дар инҷо ҳанӯз корҳои омодагӣ идома дошт ва соҳибкори тоҷик ҳанӯз дар мағозааш ҳатто камераҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои оташнишонӣ насб накарда буд.

Он шаби наҳси 10 ба 11 июл ҳам Мирзо Умедов дар мағозааш бо сад умед молҳои тоза овардаашро дар рафҳо мечид, ки мағоза оташ гирифт.

Ба гуфтаи шоҳидон, ашхоси номаълум се тирезаи мағозаи Мирзо Умедовро шикаста, ба даруни он оташ мепартоянд. Азбаски деворҳои бино пластикӣ буд, оташ зуд аланга гирифтааст.

Наздикони Мирзо Умедов мегӯянд, ки ӯ хазида-хазида тани нимсӯхтаашро то лаби дар овардааст, вале дигар мадору маҷоли худро то берун расондан накардааст.

Мирзо Умедов соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар буд. Ӯ мағозаи "Планета одежды”-ро дар шаҳри Гай бо сад умеду орзу кушода буд, вале...

Наздикони ин соҳибкори тоҷик мутмаинанд, ки мағозаи Мирзо Умедовро рақибонаш махсус оташ задаанд.

Ин бори аввал нест, ки соҳибкорони тоҷик дар Русия қурбони чунин рақобатҳои тиҷоратӣ мешаванд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон