ВИДЕОИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ПЕТЕРБУРГ

Шоми 26 июн ду гуруҳи бузурги муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар як сохтмон дар шимоли шаҳри Санкт-Петербурги Русия занозанӣ кардаанд. Дар пайи ин занозанӣ як ҷавони 18-солаи тоҷик ва як муҳоҷири 37-сола аз Ӯзбекистон дар бемористон бистарӣ шудаанд. Пулис 30 нафар, аз ҷумла 26 шаҳрванди Ӯзбекистон ва ду тоҷикро боздошт кардааст.

Занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон шоми 26 июн дар нахди маҷтамаи истиқоматии "Северная Долина” дар кӯчаи Фёдор Абрамов дар шимоли шаҳри Санкт-Петербург рух додааст. Тавре дар видеои нашршуда дида мешавад, муҳоҷирон дар инҷо бо чӯбу оҳану санг мусаллаҳ шуда ба ҳам дарафтоданд.

Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис хабар додаанд. Кормандони пулис замоне ба ҷои ҳодиса расиданд, ки издиҳом алакай пароканда шуда буд. Кормандони пулис 30 коргари сохтмонро дастгир кардаанд. 26 нафари онҳо аз Ӯзбекистон, ду нафараш аз Тоҷикистон ва якеи дигар аз Озарбойҷон будаанд. Нисбат ба 19 боздоштшуда бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб дода, 11 нафари дигарро ба авбошӣ айбдор кардаанд.

Сабаби занозанӣ маълум нест, вале бино ба хабарҳо, ду нафар – як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва як муҳоҷири 37-солаи ӯзбек баъди ин занозанӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд. Муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи шикамаш бо асбоби халандаву буранда, ки зоҳиран корд аст, ҷароҳат бардошта, муҳоҷири ӯзбек аз зонуяш захмӣ шудааст.

Занозанӣ дар қитъаи сохтмонии марбут ба ширкати "Главстрой-СПб” рух додааст. Аммо сухангӯи ин ширкати сохтмонӣ Анна Отрошенко ҷароҳат бардоштани кадоме аз коргаронашро рад кард ва гуфт, чанд коргар дар заминаи баҳси маишӣ ҷанҷол кардаанд ва худи кормандони "Главстрой-СПб” кормандони пулисро даъват карда, ҷанҷолро зуд фурӯ нишондаанд.

Қаблан аз шаҳрҳои мухталифи Русия дар бораи чандин занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷик ва муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, Арманистон, Қафқози шимолӣ ва ҳатто бо муҳоҷирони корӣ аз Кореяи шимолӣ гузоришҳову видеоҳо нашр шуда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон