НИШАСТИ ИЗТИРОРИИ ҲАВОПАЙМОИ ПЕТЕРБУРГ - ХУҶАНД ДАР ФУРУДГОҲИ МАСКАВ

Субҳи 27 апрел ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии», ки дар хатсайри Санкт-Петербург – Хуҷанд парвоз мекард, ба сабаби бад шудани аҳволи як мусофираш дар ними роҳ маҷбур шудааст дар фурудгоҳи «Шереметево»-и шаҳри Маскав бинишинад. Мусофири беморро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» аз ҳавопаймо гирифта, ба як бемористони Маскав бурдаанд.

Хабаргузории «Интерфакс» аз қавли манбааш дар хадамоти диспетчерӣ хабар дод, ки субҳи 27 апрел, як ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» ба далели бад шудани аҳволи саломатии як мусофираш дар ними роҳ дар фурудгоҳи «Шереметево»-и шаҳри Маскав нишасти изтирорӣ анҷом додааст. Ин ҳавопаймои тамғаи А-321 аз шаҳри Санкт-Петербург ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард.

Манбаи «Интерфакс» гуфтааст, «сархалабони ҳавопаймои А-321 субҳи ҷумъа, як соат баъди оғози парвозаш аз фурудгоҳи «Пулково» ба далели бад шудани аҳволи яке аз мусофиронаш дар фурудгоҳи наздиктарин барои нишасти изтирорӣ иҷозат хост.»

Ба ин ҳавопаймо дар хатти нишасти фурудгоҳи «Шереметево»-и шаҳри Маскав имкони нишаст фароҳам овардаанд. Дар хатти нишасти фурудгоҳ ҳавопайморо алакай бригадаи «Ёрии таъҷилӣ» мунтазир буд. Табибон ба ҳавопаймо даромада, ба мусофири бемор ёрии таъҷилӣ расонданд. Баъди ин ин марди беморро дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав бистарӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳоло ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад.

Ҳавопаймои «Уралские авиалинии» баъди ба дасти табибон супурдани мусофираш ба парвози худ ба самти шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон идома додааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон