НИҚОБПӮШҲО 80 МУҲОҶИРРО ДАР ЯК ХОНА АНДОХТА, ЛАТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДАНД (ВИДЕО)

80 муҳоҷирро дар ин ҳуҷраи танг андохта, латукӯб карданд

 

Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон хабар дод, ки соати чоруними субҳи 26 апрел як гуруҳи ниқобпӯш вориди хобгоҳи коргарони ширкатҳои сохтмонии Туркия дар минтақаи Павелетскаяи шаҳри Маскав шуда, 80 нафарро дар як ҳуҷраи танг андохта, латукӯб карданд ва тақрибан ним миллион рубл пули онҳоро ғорат кардаанд. Каримҷон Ёров мегӯяд, пулис аз таҳқиқи ин ҳодисаи роҳзании рӯирости муҳоҷирон сарпечӣ карда истодааст.

 

Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 26 апрел ба сомонаи "Ахбор” гуфт, субҳи барвақти имрӯз як гуруҳи ниқобпӯш дар шаҳри Маскав даҳҳо коргари ширкатҳои сохтмонии Туркияро дар як хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Павелетская Набережная, 2, корпуси 7 боздошт, латукӯб ва ғорат кардаанд.

Каримҷон Ёров мегӯяд: "Ин ниқобпӯшон, ки то ҳол аз кадом идора буданашон маълум нест, коргарони бечора аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Туркияро соати чоруними субҳ аз ҷойгаҳи хобашон хезонда, бисёриҳоро ҳатто таги трусиву майка дар як ҳуҷра ҷамъ кардаанд. Фақат аз як қабати ин хобгоҳ 80 нафарро оварда, дар як ҳуҷраи танг ҷо кардаанд. Сипас ин ниқобпӯшон ҳамроҳи афсарони ОМОН муҳоҷиронро латукӯб карда, то нимаи рӯз дар ин ҳуҷраи танг нигоҳ доштаанд. Дар айни замон, ҳуҷраҳои онҳоро кофтукоб карда, чӣ пулу моли қиматбаҳое, ки доштанд, ба яғмо бурдаанд. Ба ҳисоби аввалия, тақрибан ним миллион рубл пули ин мардикорони бечораро ба ҷайби худ задаанд. Аз як узбек 77 ҳазор рубл ва аз як турк 113 ҳазор рублро ба ғорат бурдаанд.”

Чанд нафар аз муҳоҷирони латукӯбшуда баъди раҳоӣ ба бемористон рафта, осори латукӯб дар баданашонро расман сабт кардаанд. Аммо, мегӯяд Каримҷон Ёров, пулиси минтақаи Павелетсая чанд моил нест, ки ин қазияи ғорати рӯирости муҳоҷиронро таҳқиқ кунад: "Касе намедонад, ки ин ниқобпӯшҳо аз кадом идораи пулис буданд ё роҳзанҳо? Гуфтем, ки камераҳоро тафтиш кунед, посбонҳои хобгоҳ мегӯянд, камераҳо гӯё кор намекарданд. Намояндаи пулис муҳоҷиронро таҳдид дорад, ки дар баёноташон бинависанд, ки зарари ҷиддӣ надидаанд. Ба ҷои таҳқиқи ҳамла ба муҳоҷирон кормандони пулис баракс ба тафтиши асноди худи муҳоҷирон пардохтанд. Гӯё муҳоҷирон одам набошанд дар ин кишвар.”

Каримҷон Ёров гуфт, ин қазияро чунин нахоҳанд гузошт ва то охир хоҳанд бурд. Ба гуфтаи вай, дар ин хобгоҳ даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон низ зиндагӣ мекунанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон