расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Dushanbe Impact Hub – нахустин маркази шуғли фосилавӣ барои фрилансерони оянда

. / Ҷомеа

Dushanbe Impact Hub – нахустин маркази шуғли фосилавӣ барои фрилансерони оянда

Инчунин минбаъд барои пайваст ва фаргирӣ ба имкониятҳои шуғли фосилавӣ дастгирӣ пешниҳод мешавад.


Маркази шуғли фосилавӣ дарҳои худро барои ҷавонони эҷодкор, ки бидуни таҳсилот, шуғл ва ё омӯзиш (БТШО) мебошанд ва аз ҷиҳати дастрасӣ ба шуғли устувор имконияти маҳдуд доранд, боз намуд.
Ба марказ, ҳар як ҷавоне, ки хоҳиши на танҳо рушд кардан, балки дар бозори шуғли фосилавӣ ё фрилансинги бахши рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ва бахшҳои дигар фаъолияти кории худро оғоз карданро дорад, омада метавонад. Ин ташаббус ба туфайли як барномаи муштараки пилотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, инчунин Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳайати Шафқат имконпазир  гардид.

Барои фрилансерони ҷавон

Вазифаи асосии марказ на танҳо омӯзонидан ва омода намудани ҷавонони осебпазир ба шуғли фосилавӣ дар бахшҳои рақамӣ ва технология информатсионӣ аст, инчунин пешниҳоди дастгирии минбаъда барои пайваст намудан ва фаро гирифтан ба имкониятҳои шуғли фосилавӣ мебошад. Яъне, пас аз хатми курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат, хатмкунандагони маркази Dushanbe Impact Hub дар бораи чӣ гуна пайдо кардани ҷойҳои корӣ дар платформаҳои гуногуни рақамии онлайн машваратҳо мегиранд ва роҳнамоӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, хатмкунандагони фаъол ба корфармоёни эҳтимолӣ барои ҳамкории минбаъда тавсия дода мешаванд.

Моҳи сентябри соли равон аввалин гурӯҳи пилотии ҷавонон ба омӯзиш шурӯъ карданд. Пас аз хатми омӯзиш, беҳтарин номзадҳое, ки аз курс гузаштаанд, ба кори минбаъдаи фосилавӣ ҷалб карда мешаванд.
Афзалияти калидии марказ дар он аст, ки ҷавонони хатмкарда метавонанд дар муддати 3 моҳ аз хизматрасонии марказ ҳамчун ҷойи корӣ истифода баранд. Бояд гуфт, ки маркази мазкур 30 ҷойи нишасти корӣ ва толори конфронсро, ки бо тамоми шароити зарурӣ - компютерҳо ва интернети баландсуръат муҷаҳҳаз, мебошад, дар бар мегирад.

Услуби кор – виртуалӣ

Бояд қайд кард, ки бо мақсади барқарорсозии минбаъдаи робита бо корфармоён, таҳлили талаботи бозори технологияҳои рақамӣ ба «микро-корҳо» барои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, якчанд самтҳои мувофиқ дар бахши микро-корҳо ё микро-вазифаҳо муайян карда шуданд.
Микро-кор ё микро-вазифа - ин як қатор вазифаҳои хурд мебошад, ки якҷоя дар шакли ҷамъ лоиҳаи бузургро муттаҳид мекунад ва аз ҷониби нафарони зиёд аз тариқи Интернет ба таври фосилавӣ иҷро карда мешавад. Микро-кор яке аз хурдтарин кор дар хати маҷрои виртуалӣ ҳисобида мешавад. Одатан, инҳо вазифаҳои оддие мебошанд, ки малакаҳои махсуси касбиро талаб намекунанд ва ҳамзамон даромади хуби молиявиро таъмин мекунанд.

Айни замон марказ ҷавононро барои иҷро намудани як қатор микро-корҳо ба монанди вориднамоии маълумот, транскрипсияи ҳуҷҷат ва тасвир, аломатгузории тасвирҳо, гурӯҳбандии тасвирҳо, ҷамъоварии маълумот ва вэб тадқиқот омода менамояд.
Илова ба малакаҳои микро-корҳо, иштирокчиён инчунин курси иловагиро аз рӯи мавзӯҳои фарҳанги корпоративӣ, мукотибаи корӣ, этикаи корӣ ва асосҳои шуғли фосилавиро меомӯзанд.
Дар барнома ҷавонони осебпазири аз 18 то 24-сола, ки бе кор ё дур аз таҳсил мондаанд, ширкат варзида метавонанд.

Маълумоти муфассалро дар бораи сабти ном ба омӯзишҳо метавон дар суроғаи зерин дастрас намуд: кӯчаи Борбад 48/26, ошёнаи якуми бинои Маркази таълимии Душанбе, ба рақами: (+992) 938800111, ё тавассути почтаи d.impacthub@gmail.com. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.