расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДИЛОВАРИ ЗУҲУРИЁН – ОҲАНГСОЗИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ - ДАР ШАБИ ТӮЯШ ДАР САДАМА ҲАЛОК ШУД (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

ДИЛОВАРИ ЗУҲУРИЁН – ОҲАНГСОЗИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ - ДАР ШАБИ ТӮЯШ ДАР САДАМА ҲАЛОК ШУД (ВИДЕО)

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи эстрадаи тоҷик бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон вафот кардааст. Диловар шаби 18 октябр, тахминан соати 23 дар роҳи Данғара –Ваҳдат дучори садама шуд.
Диловар Зуҳуриён шаби 18 октябр тӯй дошт ва баъди тӯяш аз Данғара ба Душанбе бармегашт, вале дар роҳ мошини онҳо ба як мошини боркаш бархӯрдааст. Овозхони тоҷик Абдураҳмон Ҳакимзода хабар дод, ки Диловар Зуҳуриён аз ҳамсари якумаш ҷудо шуда, рӯзи 18 октябр бори дуюм издивоҷ кард, вале тӯяш ба чунин фалокат анҷомид.

Бар асари садама яке аз дӯстони Диловар дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, худаш ҷароҳат бардоштааст. Диловарро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд, вале табибон натавонистанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Диловар Зуҳуриён аз оҳангсозони ҷавон, вале шинохтаи тоҷик аст, ки барои овозхонҳои маъруфе, чун Сурайё Қосим, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Манижа Давлатова ва чандин ситораи дигари эстарадаи тоҷик оҳанг менавишт.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.