ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ ТОҶИКҲО ВА КОРЕЯГИҲО ДАР КРАСНОДАР (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои як занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Кореяи шимолӣ дар шаҳри Краснодари Русия нашр шудааст. Ин занозанӣ рӯзи 29 март дар сохтмони Маҷтамаи истиқоматии ЖК "Тургенев” бо ширкати беш аз 20 нафар тоҷику кореягӣ рух додааст. Пулис 49 коргари ин сохтмонро дастгир кард, вале ҳамаро ҷавоб дод, чунки аснодашон қонунӣ будааст.

Нашрияи "Вести.Ру”дар сомонааш видеои занозании гуруҳӣ байни коргарон аз Тоҷикистон ва аз Кореяи шимолӣ (КНДР) дар яке аз сохтмонҳои нашри Краснодарро нашр кард.

Ин занозанӣ ҳанӯз рӯзи 29 март дар маҳалли сохтмони Маҷтамаи истиқоматии ЖК "Тургенев” рух дода, дар он беш аз 20 нафар аз ду тараф ширкат кардаанд. Вале мақомот, ба навиштаи "Вести.Ру”, танҳо рӯзи 4 апрел, баъди дар Интернет нашр шудани видеои занозанӣ ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ кардаанд.

Гуфта мешавад, пулис 49 коргари хориҷии сохтмони Маҷтамаи истиқоматии ЖК "Тургенев”-ро боздошт кард, вале азбаски асноди ҳамааш қонунӣ буд ва ҳамаи онҳо иҷозатномаи расмӣ ва патент барои кор дар ин сохтмонро доштанд, ҳамаро ҷавоб додааст.

Ҳеҷ кадоме аз иштироккунандагони ин занозанӣ бо шикоят ба пулис ё ба ба бемористон муроҷиат накардааст.

Дар видеое, ки "Вести.Ру” ҳам нашр кард, дида мешавад, ки коргарони тоҷику кореягӣ бо арматураҳову сангу чӯб мусаллаҳ шуда, якдигарро латукӯб мекунанд. Наворбардор бо танз мегӯяд, ки "дар майдон дастаҳои яккачини Тоҷикистон ва Кореяи шимолӣ бо якдигар вориди рақобат шудаанд ва бубинем, ки ин мусобиқа ба фоидаи кадом кишвар анҷом меёбад?”

Қаблан аз шаҳрҳои мухталифи Русия дар бораи чандин занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷик ва муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, Арманистон ва Қафқози шимолӣ гузоришҳову видеоҳо нашр шуда буд, вале занозанӣ дар Краснодар зоҳиран нахустин мавридест, ки мардикорон аз Тоҷикистону Кореяи шимолӣ аз гиребони якдигар гирифтанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон